ФУТБОЛ: бозии дуюми дӯстонаи дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими наврасони Уммон баргузор гардид

Апрель 26, 2019 09:24

ДУШАНБЕ, 26.04.2019 /АМИТ«Ховар»/. Шоми дирӯз дар шаҳри Душанбе бозии дуюми дӯстонаи  дастаи мунтахаби наврасони то 16 солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бо  дастаи мунтахаби наврасони то 16 солаи   Уммон баргузор гардид. Вохӯрии дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Уммон дар Варзишгоҳи марказии пойтахт  дар ҳузури  мухлисони  сершумор доир гардида, бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфт. Хотиррасон мекунем, ки бозии аввали дастаҳо бо ҳисоби 2:0 ба суди дастпарварони Аҳлиддин Турдиев ба анҷом расида буд.

Ёдовар мешавем, ки  бозиҳои дӯстонаи мазкур як омодагии ҷиддии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020  мебошад.

 Тафсилоти ин бозии дӯстона:

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Уммон (U-16) – 2:0

Голҳо: Абдулфатоҳи Худойдодзода, 28 (1:0). Меҳрубони Абдурауф, 90 (2:0).

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Уммон (U-16) – 3:3

Голҳо: Абдул Алим Абдулла Садулла Ал-Раваҳӣ, 35 –пеналти (0:1). Мишари Али Сайф Ал-Ҳасанӣ, 38 (0:2). Абдул Раҳман Сауд Юнус Ал-Ҷабрӣ, 45 (0:3). Хуршед Убайдуллозода, 45+3 –пеналти (1:3). Афлах Солеҳ Ҷамил Ал-Ҷаради, 47 – (худгол) (2:3). Абдуфатоҳи Худойдодзода, 83 (3:3).

 

Апрель 26, 2019 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд