Футбол: дастаи «Панҷшер» мухлисонро ба ҳайрат мегузорад

Апрель 15, 2019 09:02

ДУШАНБЕ, 15.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар бозии даври дуввуми Чемпионати Тоҷикистон  байни дастаҳои Лигаи олӣ  дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мухлисонро ба ҳайрат гузошта, дар сафар яке аз дастаҳои маъруфи Тоҷикистон- КМВА «Помир»-ро бо натиҷаи 1:0 мағлуб кард. Шореҳи АМИТ «Ховар»  Аловиддин БӮРИЕВ   бозиҳои даври дуюми чемпионатро  шарҳ медиҳад.

«Панҷшер» ғайричашдошт дар мавсими ҷории Чемпионати Тоҷикистон таҳти роҳбарии яке аз футболбозони шинохтаи мамлакат- Алиёр Ашурмаҳмадов  бозии ҷолиб нишон медиҳад. Дар даври аввал футболбозони ин ноҳия дар майдонашон бар дастаи «Истаравшан» бо ҳисоби 2:1 пирӯзӣ ба даст оварданд. Баъди ғалаба дар даври 2-юм бар КМВА «Помир» даста бо 6 имтиёз бо дастаи «Истиқлол» дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтанд.  Ягона тӯбе, ки Собирҷон Холматов (40) ба дарвозаи сарбозон зад, ғалабаовар гардид. Собирҷон Холматов соли гузашта шарафи дастаҳои «Хатлон» ва «Кӯктош»-ро ҳимоя карда буд.

Дар ин давр дастаи «Регар – ТадАз» дар мавсими нав ба аввалин ғалаба комёб гардид. Футболбозони шаҳри Турсунзода дар варзишгоҳи «Талко Арена» барандаи медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон-2018- дастаи «Кӯктош»-ро бо ҳисоби 3:0 шикаст доданд. Дар ин вохӯрӣ Ҳасан Рустамов, Алишер Холмуродов ва Нозим Бобоҷонов, ки имсол аз «Истиқлол» ба «Регар-ТадАЗ» баргашт, тӯбҳоро ба нишон расониданд.

Тавре пештар хабар дода будем,  дар бозии марказии даври дуввум байни дастаҳои «Истаравшан» ва «Хуҷанд» дастаи «Истаравшан» бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Ин сабаб гардид, ки сармураббии дастаи «Хуҷанд» Нӯъмон Юсуфов аз мансабаш истеъфо диҳад.

Чемпиони Тоҷикистон-«Истиқлол» дар даври дуввум дастаи «Хатлон»-ро бо ҳисоби 3:1 мағлуб карда буд.

Баъди ду давр дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Панҷшер» бо 6 имтиёзӣ дар мақоми аввали ҷадвали мусобиқот қарор доранд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2

«Истаравшан» – «Хуҷанд» – 2:1

Голҳо: Бахтовар Зокиров, 27 (1:0). Манучеҳр Ахмедов, 39 (1:1). Бахтовар Зокиров, 45+1 (2:1).

«Истаравшан» (Истаравшан): Қурбоналӣ Бобоев, Қаҳрамон Ҳомидов, Фирӯз Қараев, Азизҷон Шамсиев, Тулқинҷон Умаров, Ҷамшед Ҳасанов (Бахтиёр Абдураҳмонов, 90+1), Абдураҳмон Қурбонов (Насим Расулов, 74), Диловар Бойқузиев, Отабек Каримов, Бахтовар Зокиров (Мухаммадалӣ Азизбоев, 83), Илҳомҷон Баротов.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Давид Купатадзе, Манучеҳр Ахмедов, Давронҷон Эргашев, Асилҷон Бегимқулов, Фирдавс Чақалов, Дилшодҷон Каримов, Комрони Мирзонажод, Бахтиёр Чориев, Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Восиев, Турсуналӣ Рустамов (Дилшод Бозоров, 63).

Огоҳӣ: Илҳомҷон Баротов, Қаҳрамон Ҳомидов, Диловар Бойқузиев («Истаравшан»), Давид Купатадзе («Хуҷанд»).

Бозингари беҳтарин: Бахтовар Зокиров («Истаравшан»).

Довар дар майдон: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

Нозири доварон: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Субҳон Хӯҷамов (Душанбе).

11 апрел. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 15 000 тамошобин.

«Истиқлол» – «Хатлон» – 3:1

Голҳо: Алишер  Ҷалилов, 8 (1:0). Шериддин Бобоев, 45+2 (2:0). Алишер Баротов, 57 – худгол (3:0). Худойдод Узоков, 63 (3:1).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Ҷалил Кимсанов, Аҳтам Назаров (Шаҳром Сулаймонов, 58), Бахтиёр Қаландаров, Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Муҳаммадҷон Раҳимов, Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов (Амирбек Ҷӯрабоев, 59), Шериддин Бобоев, Руслан Корян (Шаҳром Самиев, 62).

«Хатлон» (Бохтар): Шаҳром Исмоилов, Алишер Баротов (Ҳусейн Нурматов, 60), Эраҷ Раҷабов, Равшан Азизов, Муҳаммад Насков (Алишер Салимов, 70), Маҳмадалӣ Содиқов, Парвиз Ахунов (Умарҷон Шарифов, 86), Худойдод Узоқов, Сорбон Авгонов, Нуриддин Ҳамроқулов, Абдухалил Боронов.

Огоҳӣ: Эҳсони Панҷшанбе, Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Худойдод Узоқов, Муҳаммад Насков, Равшан Азизов («Хатлон»).

Бозингари беҳтарин: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).

Довар дар майдон: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири доварон: Насриддин Азизов (Кубодиён).

Комиссари бозӣ: Азизҷон Достиев (Турсунзода).

11 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 томошобин.

13 апрел

КМВА «Помир» – «Панҷшер»– 0:1

Гол: Собирҷон Холматов, 40.

КМВА  «Помир» (Душанбе): Егор Хохлов, Бахтиёр Азимов, Ваҳдат Ҳанонов, Идибек Ҳабибуллоев, Суҳроб Ҷалилов (Доробҷон Эргашев, 76), Шервони Мабатшоев (Далер Ёдгоров, 69), Шамсиддин Қосимов (Михаил Зайсев, 77), Абдулмумин Забиров, Шарафҷон Солеҳов, Шодибек Ғаффоров, Эйя Эдвард.

«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ): Куайе Годсон, Абдулатиф Тоҷиахмедов, Маҳмадраҷаб Ҷобиров, Шоҳрух Раҷабматов, Мӯҳсин Қосимов, Ҷӯрабек Юсуфов, Шавкат Худойназаров, Ҳасан Холов, Маҳмуд Ғаюров (Аюб Ҳакимов, 90+3), Собирҷон Холматов (Саидҷон Шарифов, 74), Хайриддин Трахонов (Хуршед Абдуллоев, 83).

Огоҳӣ: Шарафҷон Солеҳов, Ваҳдат Ҳанонов (КМВА «Помир»), Маҳмуд Ғаюров, Шавкат Худойназаров («Пандҷер»).

Бозингари беҳтарин: Ҳасан Холов («Панҷшер»).

Довар дар майдонХуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Нозири доваронРустам Абдуллоев (Душанбе).

Комиссари бозӣАнваршо Мирзоев (Душанбе).

13 апрел. Душанбе, Варзишгоҳи КМВА –и Вазорати мудофиа 2750 тамошобин

 14 апрел

«Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош»

Голҳо: Ҳасан Рустамов, 20 (1:0). Алишер Холмуродов, 45+3 (2:0). Нозим Бободҷонов, 47 (3:0).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Фатҳулло Бобоев, Сироҷиддин Аллаев (Ёқуб Ахмедов, 90+2), Алишер Холмуродов, Далер Шомуродов, Саидамири Саидаҳмад, Сафаралӣ Каримов, Расул Файзов (Шерзод Маҳамадиев, 88), Нозим Бобоҷонов, Ҳикматулло Расулов, Ҳасан Рустамов (Акбар Бобомуродов, 87), Наврӯз Рустамов.

«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Бехрӯз Хайриев, Султоншо Мирзоев, Принс Артур (Муҳаммад Гулаев, 84), Холмурод Назаров, Баҳром Уразов (Муҳиддин Одилов, 37), Азизбек Султонов, Мунир Давлатбеков, Бунёд Шодиев, Нодирбек Иброҳимов, Мӯҳсин Абдуғаффоров, Амирҷон Сафаров (Абдурасул Раҳмонов, 36).

Огоҳӣ: Алишер Холмуродов, Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов («Регар-ТадАЗ»), Азизбек Султонов («Кӯктош»).

Бозингари беҳтарин: Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»).

Довар дар майдон: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доварон: Равшан Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Аҳлиддин Юнусов (Хуҷанд).

Турсунзода, Варзишгоҳи  «ТАЛКО-Арена». 3000 тамошобин

  

Нишонзанҳои беҳтарин: Бахтовар Зокиров («Истаравшан») – 3 тӯб, Абдурасул Раҳмонов («Куктош»), Фатҳулло Фатҳуллоев, Шериддин Бобоев (аз «Истиқлол»), Собирҷон Холматов («Панҷшер») – 2 .

 Бозиҳои даври 3-юм:

21 апрел

Оғози бозӣ соати 16:30

«Панҷшер» – «Регар-ТадАЗ»

«Хуҷанд» – КМВА «Помир»

«Хатлон» – «Истаравшан»

22 апрел

Оғози бозӣ  соати 16:30

«Кӯктош» – «Истиқлол»

Апрель 15, 2019 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалиро дар Индонезия бо мусовӣ оғоз кард
Дар Бохтар ду майдончаи нави футбол мавриди истифода қарор гирифт
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲОМИИ ВАРЗИШ ВА ПУШТИБОНИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе таҳти ин унвон ба ифтихори Рӯзи варзишгарон чорабинӣ баргузор шуд
Варзишгарони шаҳри Ҳисор соли 2025 соҳиби беш аз 340 медали тилло гардиданд
10 АВГУСТ-РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаш моҳи соли 2025 ба хазинаи варзишии мамлакат 238 медал ворид гардид
Варзишгарони Суғд дар шаш моҳ соҳиби зиёда аз 1520 медал шуданд
Дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи варзишгарон ҳамоиши идона доир гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарон дар Панҷакент майдончаи муосири варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Seven Lakes» варзишгарони 10 давлати ҷаҳон иштирок намуданд
Ноибони Президенти ФФТ бо ҳолати омодагии варзишгоҳҳои шаҳри Ҳисор ба мусобиқаҳои байналмилалӣ шинос шуданд
Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 238 медал ба даст оварданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби 26 медал шуданд