Футбол: даври чоруми Чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ ҷамъбаст гардид

Апрель 29, 2019 09:34

ДУШАНБЕ, 29.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври чоруми Чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ рӯзҳои истироҳат бо баргузории вохӯрӣ байни  дастаҳои «Кӯктош» ва «Панҷшер» дар ноҳияи Рӯдакӣ ва КМВА “Помир” бо “Хатлон” дар варзишгоҳи Вазорати мудофиа ба анҷом расиданд. Аловиддин Бӯриев шарҳ медиҳад.

Даври чоруми  Чемпионати мамлакат ба ғайр аз бозии байни дастаҳои КМВА “Помир” ва “Хатлон” бо бартарии соҳибони майдон гузашт ва дар он мизбонон ғолиб омаданд. Дар бозии марказӣ, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд КФ “Хуҷанд” “Регар-ТадАз”-ро қабул карда, бо натиҷаи 3:1 пирӯз шуд. Соҳибони майдон дар нимаи аввали бозӣ ба дарвозаи “Реар-ТадАЗ” се тӯб заданд, ки он ғалабаовар гардид. Турсуналӣ Рустамов (1:0, дақ. 2), Даврон Эргашев (2:0, 7) ва Дилшод Бозоров (3:0, 39)  аз дастаи “Хуҷанд”ва Нозим Бобоҷонов (3:1, 60)  аз “Регар –ТадАЗ” тӯбҳоро ба нишон расониданд.

Чемпиони Тоҷикистон – “Истиқлол”-и Душанбе дастаи нави Лигаи олӣ- “Истаравшан”-ро дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бо ҳисоби калони 4:0 шикаст дод. Дар ин вохӯрӣ тӯби аз ҳама тезтарини мавсими нави футбол ба тӯри дарвозаи меҳмонон дар дақиқаи 1-ум аз ҷониби Муҳаммадҷон Раҳимов зада шуд. Эҳсони Панҷшанбе (2:0, 57) , Алишер Ҷалилов (3:0, 67) ва Шаҳром Самиев ( 4:0,72) дар тӯбзанӣ аз худ нақши босазо гузоштанд.

Барандаи медалҳои биринҷии мавсими гузашта –“Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдонаш “Панҷшер”-ро қабул карда, бо нишондоди 3:1 дастболо гардид. Голҳоро Мӯҳсин Абдуғаффаров (1:0, 8 дақ.), Холмурод Назаров (2:0, 17), Маҳмадраҷаб Ҷобиров (2:1, 40) ва Мӯҳсин Абдуғаффоров (3:1, 83-аз пеналтӣ) ба ҳадаф расониданд. Баъди ин ғалаба “Кӯктош” ба зинаи сеюми ҷадвали мусобиқа баромад.

Дар вохӯрии охири даври чорум КМВА “Помир”, ки то ба ҳанӯз дар мавсими имсола ба ғалаба комёб нашудааст, натавонист дар бозии хонагиаш бар “Хатлон” пирӯз шавад. Дар натиҷа ҳисоб кушода нашуд ва дастаҳо ба якимтиёзӣ  карданд.

Дар даври чоруми Чемпионати мамлакат аз ҳама мухлиси зиёд дар бозии байни дастаҳои “Кӯктош” ва “Панҷшер” ҳузур доштанд , ки шумораашон ба 6 000 баробар шуд. Бозии байни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Регар-ТадАЗ” 4 500 тамошобинро ба варзишгоҳ овард. Дар маҷмӯъ бозиҳои даври чорумро 11 450 тамошобин дар варзишгоҳҳо тамошо карданд, ки ин натиҷаи аз ҳама камтарин аз оғози Чемпионат мебошад.

Дар ин давр дарвозабонҳо аз дарвозаашон 12 тӯб гирифтанд, ки 10- тои онро соҳибони майдон ба нишон расониданд.

Доварон ба футболбозон 18-корти зард ва 2 корти сурх нишон доданд, ки ин маротиба аввал аст. Якбора ду бозингари “Регар-ТадАЗ”- Сафаралӣ Каримов (19-ум дақиқа, корти дуюми зард) ва Далер Шомуродов (33-юм дақиқа, барои ба ҳариф бо пой зарба задан) аз майдон ронда шуданд.

Чемпионати Тоҷикистон  Даври  4

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 3:1

Голҳо: Турсуналӣ Рустамов, 2 (1:0). Давронҷон Эргашев, 7 (2:0). Дилшод Бозоров, 39 (3:0). Нозим Бобоҷонов, 60 (3:1).

Огоҳӣ: Давид Купатадзе, Торнике Ҷимшелеишвили, Фирдавс Чақалов («Хуҷанд»), Саидамири Саидаҳмад («Регар-ТадАЗ»).

Ронда шуданд: Сафаралӣ Каримов («Регар-ТадАЗ»), 19 – корти заоди 2-юм., Далер Шомуродов («Регар-ТадАЗ»), 33 – барои ба ҳариф бо пой зарба задан.

Бозингари беҳтаринДаврондҷон Эргашев («Хуҷанд»).

Довар дар майдон Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

25 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 4500 тамошобин.

«Истиқлол» – «Истаравшан» – 4:0

ГолҳоМуҳаммадҷон  Раҳимов, 1 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 57 (2:0). Алишер Ҷалилов, 67 (3:0). Шаҳром Самиев, 72 (4:0).

ОгоҳӣШериддин Бобоев, Ҷалил Кимсанов («Истиқлол»), Бахтовар Зокиров, Тулқинҷон Умаров, Абдураҳмон Қурбонов («Истаравшан»).

Бозингари беҳтаринФатхулло Фатхуллоев («Истиклол»).

Довар дар майдонБехруз Муртазоев  (Душанбе).

26 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии ш. Душанбе. 450 тамошобин

«Кӯктош» – «Панҷшер» – 3:1

Голҳо Муҳсин Абдуғаффоров, 8 (1:0). Холмурод Назаров, 17 (2:0). Махмадраҷаб Ҷобиров, 40 (2:1). Муҳсин Абдуғаффоров, 83 – аз пеналтӣ (3:1).

Огоҳӣ: Мунир Давлатбеков («Кғктош»), Шероз Абдуллоев, Шавкат Худойназаров, Марифҷон Марифбоев, Саидҷон Шарифов («Панҷшер»).

Бозингари беҳтаринМӯҳсин Абдуғаффоров («Кӯктош»).

Довар дар майдон: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

27 апреля. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи  «Нефтяник». 6000 тамошобин.

КМВА «Помир» – «Хатлон» – 0:0

ОгоҳӣИдибек Ҳабибуллоев, Шамсиддин Қосимов (КМВА «Помир»), Махмадалӣ Содиқов («Хатлон»).

Бозингари беҳтаринРавшан Азизов («Хатлон»).

Довар дар майдон: Хусрави Сиддикзод (Душанбе).

27 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА –и Вазорати мудофоиа. 500 тамошобин

Нишонзанҳои беҳтарин: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Бахтовар Зокиров («Истаравшан»), Нозим Бободжонов («Регар-ТадАЗ») – 3 тӯбӣ.

Даври 5-ум:

4 май

Оғоз, соати  17:00

«Панҷшер» – «Истиқлол»

«Хуҷанд» – «Кӯктош»

«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ»

«Истаравшан» – КМВА «Помир»

Апрель 29, 2019 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. «Истиқлол»-и Душанбе бо «Ал-Наср»-и Криштиану Роналду дар як гурӯҳ қарор гирифт
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ДУЮМИ ОСИЁ-2025/26. Имрӯз дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Аҳал»-и Туркманистон бо ҳам бозӣ мекунанд
Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалиро дар Индонезия бо мусовӣ оғоз кард
Дар Бохтар ду майдончаи нави футбол мавриди истифода қарор гирифт
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲОМИИ ВАРЗИШ ВА ПУШТИБОНИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе таҳти ин унвон ба ифтихори Рӯзи варзишгарон чорабинӣ баргузор шуд
Варзишгарони шаҳри Ҳисор соли 2025 соҳиби беш аз 340 медали тилло гардиданд
10 АВГУСТ-РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаш моҳи соли 2025 ба хазинаи варзишии мамлакат 238 медал ворид гардид
Варзишгарони Суғд дар шаш моҳ соҳиби зиёда аз 1520 медал шуданд
Дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи варзишгарон ҳамоиши идона доир гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарон дар Панҷакент майдончаи муосири варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Seven Lakes» варзишгарони 10 давлати ҷаҳон иштирок намуданд
Ноибони Президенти ФФТ бо ҳолати омодагии варзишгоҳҳои шаҳри Ҳисор ба мусобиқаҳои байналмилалӣ шинос шуданд