Футзал: гурӯҳи дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон муайян гардид
ДУШАНБЕ, 12.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё дирӯз бо доир кардани қуръакашии марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2019 оид ба футзал гурӯҳи дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро муайян кард. Футзалистони тоҷик дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои мунтахаби Япония ва Ветнам бозӣ мекунанд.. Дар ҷараёни қуръакашӣ 4 гурӯҳ бо ҳузури седастаӣ ташкил ёфтанд. Аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври плей-офф роҳхат мегиранд.
Чемпионати 2-юми Осиё оид ба футзал миёни ҷавонони то 20-сола 14-23 июни соли равон дар шаҳри Табрези Эрон баргузор мегардад.
Натиҷаи қуръакашии Чемпионати Осиё-2019 (U-20) оид ба футзал:
Гурӯҳи «А»: Эрон, Афғонистон, Ҳонг Конг.
Гурӯҳи «В»: Тайланд, Лубнон, Қирғизистон.
Гурӯҳи «С»: Япония, Ветнам, ТОҶИКИСТОН.
Гурӯҳи «D»: Ироқ, Индонезия, Тайбэйи Чин.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






