Хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Хатлон Мурод Сотиев даргузашт
ДУШАНБЕ, 4.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Новый Хатлон» ва хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Хатлон Мурод Сотиев бар асари бемории қалб дар синни 56-солагӣ аз дунё даргузашт.
Мурод Сотиев хатмкардаи филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгори шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) буда, муддати як сол ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус дар мактаби миёнаи №-15-и ноҳияи Вахш фаъолият намудааст.
Мавсуф аз соли 1991 дар рӯзномаи «Курган-Тюбинская правда» фаъолият дошт, ки баъдан ин рӯзнома ба «Новый Хатлон» табдили ном намуд. Тайи панҷ соли охир ӯ сармуҳарририи ин рӯзномаи бонуфузро бар уҳда дошт.
Мурод Сотиев аз моҳи феврали соли 2006 то ҳол ҳамзамон ба ҳайси хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон низ кор мекард. Ӯ яке аз хабарнигорони пурмаҳсули агентӣ маҳсуб меёфт, пайваста дар ҷустуҷӯи навгониҳо буд. Бо пешниҳоди хабару гузориш ва маводҳои таҳлилии хеш вусъати корҳои созандагиро дар вилояти Хатлон инъикос менамуд.
Субҳи имрӯз Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва муовинони Раиси вилоят барои таъзия ва изҳори таслият ба хонадони марҳум Мурод Сотиев ташриф оварданд.
Маросими ҷанозаи марҳум бегоҳии имрӯз, соати 17.00 дар шаҳри Бохтар баргузор мегардад.
Роҳбарияти Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва кормандони он аз даргузашти хабарнигори агентӣ Мурод Сотиев сахт андӯҳгин буда, ба аҳли хонавода ва пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ ва таслият менамоянд.








Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад






