КОРВОНИ «ТИЛЛОИ САФЕД»-И ТОҶИК АФЗУН ГАРДАД! Бо чунин нияти нек дар Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат ба маъракаи кишти пунбадона оғоз ниҳоданд

Апрель 4, 2019 15:00

 ДУШАНБЕ, 04.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Пахтакорони Ҳисор  дар водӣ аввалин шуда, ба кишти пунбадона оғоз карданд. Дар маросими кишти пунбадона, ки дар бригадаи №9 –и Корхонаи воҳиди таълимию таҷрибавии  «Ҳисор» доир гардид, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, инчунин  раисони ҷамоатҳои деҳот ва хоҷагиҳои пахтакор иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири  кишвар дар мулоқот бо пахтакорони Ҳисор  аз муҳимияти кишти пахта, омодагии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба мавсими баҳор, техникаи кишоварзӣ, интихоб ва парвариши навъҳои беҳтарини пунбадона ёдрас шуда, гуфт, ки  пахтакорони  шаҳр аз оғози мавсим бо дарки масъулият бояд ба риояи талаботи агротехникии парвариш эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки бригадаи №9 КВТТ «Ҳисор» дорои 73 гектар замин буда, аз он дар 37 гектар пахта, 4 гектар сабзавот, 6 гектар шолӣ, 3 гектар картошка, 3 гектар макка — силос ва дигар намуди зироат кишт карда мешавад.

Инчунин дар маросими оғози кишти пунбадона  раиси шаҳри Ҳисор зикр кард, ки пахтакорони шаҳр соли равон дар майдони 3 ҳазору 60 гектар пунбадона кишт мекунанд. Дар инҷо барои рӯёнидани ҳосил ва иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст.

Зикр гардид, ки дар роҳи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ сокинони шаҳр дар тамоми соҳаҳои хоҷагидорӣ дучанд фаъолият хоҳанд кард. «Мо ба пахтакорони шаҳр дар роҳи иҷрои нақшаҳои меҳнатӣ барору кушоиш таманно намуда, эътиқод бар он дорем, ки бо рӯёнидани ҳосили фаровон дар таъмини ҳадафи чорум-саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми муносиб хоҳанд гузошт»,- афзуд раиси шаҳри Ҳисор  Шарифҷон Ҷумазода.

                                                                           Марзия САИДЗОДА,
                                                                     хабарнигори  АМИТ «Ховар»

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

Мувофиқи ҳафриёти археологӣ аз асрҳои I—IV мелоди дар Осиёи Миёна пахта кишт мекунанд. Тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои қадим ба пахтакорӣ машғул буданд. Асрҳои VII—X дар қисми шимолии Истаравшан пахта парвариш мекарданд. Шарқшинос Бартолд  навиштааст,   қатъи назар аз он, ки дар натиҷаи истилои муғул (ибтидои асри XIII) соҳаи кишоварзӣ дар бисёр ноҳияҳои Осиёи Миёна хароб гардид, дар водии Зарафшон ва поёноби дарёи Аму пахтакорӣ ва тайёр намудани матоъҳои пахтагин равнақ дошт.

Бино ба шаҳодати маъхазҳои таърихӣ, ҳанӯз аз нимаи дуюми асри XIII дар қатори дигар маҳсулоти кишоварзӣ аз Осиёи Миёна ба мамлакатҳои ҳамсоя пахта низ содирот мекарданд. Пахтаро дар Хатлон, Балх, Шаҳрисабз  ва хусусан микдори зиёд дар Самарқанд парвариш  карда мешуд.

Дар ибтидои асри XIX чун давраҳои гузашта, дар заминҳои обии Осиёи Миёна, аз ҷумла ҳудуди имрузаи Тоҷикистон пахтакорӣ ҷои намоёнро ишғол мекард. Дар миёнаи асри XIX дар Хуҷанд пахтакорӣ 11,5 фоизи майдонро ташкил медод. Баъди ба Россия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна талаботи саноати Россия ба пахта хеле афзуд. Дар уезди Хуҷанд «Ширкати аксионерии К.Кудрин ва К» ташкил ёфт. Дар натиҷаи афзудани талаботи саноати бофандагии Россия ба пахта дар Осиёи Миёна киштзори пахта хеле васеъ карда шуд. Агар соли 1884 пахтаи навъи «америкоӣ»-и 450 десятина киштзоррро фаро гирифта бошад, пас соли 1887 микдори он ба 14500 десятина расид. Пахтаи америкоӣ нисбат ба навъҳои маҳаллӣ даромадноктар буд.

Дар Тоҷикистон дар ибтидои асри XX чаҳор навъи пахта — бухорӣ, қуқандӣ, хевагӣ ва маллағӯза кишт мешуд. Ҳукумати подшоҳӣ барои беҳтар намудани сифати пахта диққати ҷиддӣ медод. Пахтакорӣ дар аморати Бухоро нисбатан суст тараққӣ мекард. Набудани роҳи оҳан, паст будани дараҷаи техника ба инкишофи пахтакорӣ монеъ мегардид.  Сарфи  назар аз ин, аз соли 1890 то соли 1917 замини пахтаи Бухорои Шарқӣ 15 маротиба (аз 520 то 7600 га) зиёд шуд. Соли 1913 дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон 26,7 ҳазор гектар, аз ҷумла дар округи Хуҷанд 13.3 ҳазор га, водиҳои Ҳисору Вахш 12 ҳазор га, ноҳияи Кӯлоб 1500 га пахта кишт мекарданд. Худи ҳамон сол 32,3 ҳазор тонна пахта (ҳосилнокиаш ба ҳисоби миёна 12,1 с/га) ғундоштанд.

Моҳи маи соли 1918 В. И. Ленин ба «Декрет дар бораи ҷудо кардани 50 млн сумм барои корҳои обёри дар Туркистон ва дар бораи ташкили ин корҳо» имзо гузошт. Барои барқарор кардан ва ривоҷ додани пахтакори дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна Комитети пахтаи Туркистон ташкил шуд.

Моҳи ноябри соли 1920 декрети махсуси Совети Комиссарони Халқи РСФСР «Доир ба барқароркунии пахтакори дар ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистии Туркистон ва Озарбойҷон» қабул гардид.

Соли 1924 Маҷлиси умумииттифоқии пахтакорон баргузор гардид, ки он ҷамъбасти плани панҷсоларо оид ба зиёд кардани истеҳсоли пахта дида баромад ва масъалаи нав ба миён гузошт.

Соли 1926 ба Тоҷикистон аввалин тракторҳо оварда шуданд, умури агрономии хоҷагихои яккадасти пахтакор ба роҳ монда шуд. Дар инкишофи пахтакори хусусан соли 1929 ташкил шудани 4 МТС (дорои 300 трактор) аҳамияти калон дошт. Сохтмони колхозӣ дар ҷумҳурӣ хусусан соли 1930 авҷ гирифт, ин ба пешрафти пахтакорӣ такони бузурге буд. Дар ин солҳо дар ҷумҳурӣ 634 колхоз ташкил шуд, ки 500 тои он ба пахтакори машғул буд. Дар охири панҷсолаи якум талаботи ба пахта доштаи мамлакат пурра қонеъ гардонида шуд. Ҳосили умумии пахта аз 38,6 ҳазор тонна (1928) то 50,6 ҳазор тонна(1932) афзуд. Панҷсолаи дуюм заминҳои бекорхобидаи водии Вахш азхуд кардашуда, колхозу совхозҳои пахтакори ташкил шуд, ки дар онҳо истеҳсоли пахтаи маҳинах низ ба роҳ монда шуд.

Соли 1931 аз Миср ба водии Вахш навъҳои пахтаи «Пимо», «Маарат», «Ашмуни», «Арифи» ва ғайра оварда шуд. Солҳои 1932—1937 истеҳсоли пахта назар ба солҳои 1927—1932 аз 253,5 ҳазор тонна то 515,5 ҳазор тонна расонида шуд. Истеҳсоли пахтаи маҳинах 15 баробар афзоиш ёфт. Соли 1938 ҶШС Тоҷикистон   178,4 ҳазор тонна пахта  истеҳсол кард. Ҳосили миёнаи пахтаи ҷумҳурӣ ба 17,9 с/га расонида шуд, ки дар собиқ шуравӣ ҳосили аз ҳама баланд ба ҳисоб мерафт.

Сохтмони канали калони Фарғона ва канали калони Ҳисор (1939—1944) дар  рушди соҳаи пахтакорӣ дар  ҷумҳурӣ  нақши калон бозид.

Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳосили умумии пахта кам ва ҳосилнокии он паст шуд. Сентябри соли 1945 Ҳукумати  Шуравӣ «Доир ба минбаъд тараққӣ додани пахтакории ҶШС Тоҷикистон» ва июни соли 1946 «Доир ба  нақша ва тадбирҳои барқароркунӣ ва инкишофи минбаъдаи пахтакории ҶШС Тоҷикистон дар солхҳои 1946—1950 қарорҳои махсус қабул кард.

Дар солҳои панҷсолаи чорум (1946—1950) замини кишти пахта 31 % зиёд шуда, ба 126 ҳазор гектар расид. Ҳосили умумии пахта назар ба давраи тоинқилобӣ (то соли 1917) 3,3 маротиба афзуд. Соли 1955 Тоҷикистон 400,3 ҳазор тонна,  соли 1971 788,1 ҳазор тонна ва  соли 1978   909,1 ҳазор тонна пахта истеҳсол  намуд. Соли 1980 дар таърихи пахтакорӣ соли фаромӯшнашаванда маҳсуб меёбад. Дар ин сол пахтакорони ҷумҳурӣ истеҳсоли пахтаро ба  беш аз 1 миллион тонна расониданд, ки ба ҳар гектар 32,8 сентнерӣ рост меомад.

Соли 1991 кишти пахта дар ҷумҳури 298,7 ҳазор гектар ва истеҳсоли он 825,1 ҳазор тоннаро ташкил кард, ҳосилнокӣ ба 27,5 сетнерӣ расид. Соли 1999 майдони пахтазор 247,5 ҳазор гектарро ташкил кард ва ҳамагӣ 316,6 тонна пахта истеҳсол карда шуд. Дар таърихи пахтакории ҷумҳурӣ ҳосили пастарин (12,8 с/га) гирифта шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 4 марти соли 2002, тати № 80 «Барномаи рушди сохаи пахтакориро дар Ҷумхурии Тоҷикистон барои солҳои 2002—2005» тасдиқ намуд. Тибқи Барнома то соли 2005 истеҳсоли пахта бояд ба 700 ҳазор тонна расонда  мешуд.

Умуман сатҳи пастравии соҳаи пахтакорӣ дар ҷумҳури боздошта шуд. Соли 2002—515,5 ҳазор тонна, соли 2003—537,4 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда шуд. Соли 2004 пахтакорон дар майдони 293227 гектар пахта кишт караданд.

Соҳаи   пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Даромад аз фурӯши маҳсулоти асосии пахта — нах, инчунин чигит, тибит ва ғайра ба миқдори 20-25 фоизи даромади солонаи миллиро ташкил медиҳад. Бар ивази содироти нах, тибит ва тораки пахта ба ҷумҳурӣ маводи хурока, сузишворӣ, нуриҳои маъданӣ, захрхимикатҳо, техника ва қисмҳои эҳтиётии он, маводи тиббӣ, мудофиа ва ғайра ворид мешаванд. Аз пахта ба воситаи коркард беш аз 300 намуди маҳсулоти хочагии халқ истехҳсол мешавад.

Бинбарин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ба эҳёи дубора ва рушди ин соҳа таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Соли 2018 содироти нахи пахта назар ба соли гузашта ду баробар афзудааст. ВЫале ин натиҷа ҳанӯз ҳадди ниҳоӣ буда наметавонад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат  26 декабри соли 2018 чунин иброз доштанд: «Ҳоло ҳиссаи ночизи пахтаи истеҳсолшуда дар дохили кишвар коркард шуда, имкониятҳои мавҷуда, алалхусус, дар самти таъсиси ҷойҳои корӣ дар соҳаи нассоҷӣ ба таври кофӣ истифода нашудаанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, солҳои охир ҳамагӣ 10-12 фоизи нахи пахта дар дохили кишвар коркард мешавад».

Сарвари давлат дастуру супориш доданд, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобида майдони кишти пахтаро афзун намуда, ҳаҷми коркарди ҳосили рӯёндашуда дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба маротиб бештар карда шавад.

Апрель 4, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи нахустини Шурои муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва Фаластин баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми сеюми байналмилалии сармоягузории Тошканд иштирок намуд
Дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳа оид ба барқикунонии нақлиёти ҷамъиятӣ бо дастгирии Комиссияи СММ оғоз гардид
IRS: Оқибати харобиовари сел дар роҳи Душанбе-Чанок қисман бартараф гардид
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти Бонки Осиёии Рушд ҷалби сармоя ба сохтмони иншооти муҳими стратегиро баррасӣ намуд
Оилаи Абдуғаффор Қаюмов дар ноҳияи Ҷайҳун аз соли 1982 ба парвариши кирмаки пилла машғул аст
Дар Риёз Саммити сармоягузорию иқтисодии «Давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷ – C5 GCC» баргузор мешавад
Дар Конибодом вазъи таъминоти заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ беҳтар гардидааст
Имрӯз Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» анҷом меёбад
Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Фаластин дар соҳаҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамкориро тавсеа медиҳанд
«ТОШКАНД-2024». Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Тошканд баргузор гардид