Кумитаи омори ИДМ маълумоти нави шумораи доимии аҳолии кишварҳои Иттиҳодро нашр кард
ДУШАНБЕ, 03.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ маълумоти нави шумораи доимии аҳолии кишварҳои Иттиҳодро нашр кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи омори ИДМ.
Мутобиқи ин маълумот, дар оғози соли 2019 шумораи аҳолии Озарбойҷон 10.0 млн, Арманистон – 3,0 млн, Беларус – 9,5 млн, Қазоқистон – 18,4 млн, Қирғизистон – 6,4 млн, Молдавия – 3,5 млн, Россия – 146,8 млн, Ӯзбекистон – 33,3 млн, Украина – 42, 0 млн нафарро ташкил медиҳад.
Шумораи аҳолии Туркманистон (6,7 млн нафар) дар оғози соли 2016 ва шумораи аҳолии Тоҷикистон (8,9 млн нафар) дар ибтидои соли 2018 нишон дода шудааст.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, шумораи аҳолии Тоҷикистон аллакай аз 9 миллион нафар гузаштааст. 26 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе духтарчаи нуҳмиллионуми Тоҷикистон (ДАР АКС) ба дунё омада буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худи ҳамон рӯз волидони тифли навзодро табрик намуда, ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур доданд, ки ин оиларо бо хонаи истиқоматии нав таъмин намояд. Ба модари тифли навзод Назира Муллоҷонова хонаи истиқоматии сеҳуҷрагӣ аз маркази шаҳр тақдим гардид.
Аҳолии кишвар, тибқи маълумоти расмӣ, ҳамасола 2,2% ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад. Тибқи барӯйхатгирии охирини аҳолӣ, ки соли 2010 дар Тоҷикистон гузаронида шуд, дар мамлакат 7,417 млн нафар сокинон ба қайд гирифта шудаанд. Барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамин тавр, ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи шумораи аҳолӣ миёни ҷумҳуриҳои ИДМ ҷойи 6-умро ишғол менамояд.
Маврид ба зикр аст, кишварҳое, ки ба ҳайати ИДМ шомил шудаанд, мақоми гуногун доранд. Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Россия узви комилҳуқуқи Иттиҳод мебошанд. Туркманистон мақоми узви шарикро, ки нақша дорад танҳо муносибатҳоро бо кишварҳои узви ИДМ ва Балтия рушд диҳад, гирифтааст. Молдова Оинномаро имзо накард.
Гурҷистон то соли 2009 узви Иттиҳод буд. Ба Созишномаи соли 1991 ҷумҳуриҳои Балтия напайвастанд. Украина, ки мақоми узви шарикро иҷро мекард, расман ба он ворид нашуд.









Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст






