Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» шавқи хонандагонро ба китобхонӣ бедор месозад

Апрель 2, 2019 12:06

ХОРУҒ, 02.04.2019 /АМИТ  «Ховар»/. Мудирони шуъбаҳои маориф ва омӯзгорони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бо мақсади татбиқи пурраи бандҳои лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» дар шаҳри Хоруғ гирди ҳам омаданд.

Дар баррасии масъалаи мазкур намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат намуданд. Сардори Раёсати маорифи вилоят  Одинашо Мардов гуфт, ки «ин лоиҳаи сол бо мақсади дастрасии комили хонандагон ба маводи босифати хониш, ба омӯзгорон ёд додани тарзу усулҳои пешрафтаи муосир ва муассири таълимӣ мебошад. Аз таҳия ва қабули  ин лоиҳа панҷ сол гузашт ва дар ин давра зиёда аз 290 нафар  омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ба давраҳои омӯзишӣ ҷалб карда шуданд. Дар чанд соли охир таваҷҷуҳи хонандагон бештар ба омӯзиши техника ва технологияи муосири коммуникатсионӣ равона гардида, аз мутолиаи китоб каме дар канор монданд. Дар ҳоле, ки манбаи дониш на дар компютер, балки дар китоб аст. Тамоми кашфиёти илмию оммавӣ маҳз аз китоб маншаъ гирифтаанд. Ҳамин компютерро олимон баъди мутолиаи китоб ихтироъ карданд, на баръакс. Бинобар ин ҳадафи ягонаи лоиҳаи мазкур ба китоб наздик кардани кӯдакону наврасон мебошад. Бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ эълон намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» низ дар татбиқи ҳадафу мароми ин лоиҳа таконе хубе мебахшад».

Омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами сеюми шаҳри Хоруғ   Рамзия Сомиддинова мегӯяд, ки   «баъди ширкат дар давраҳои омӯзишие, ки дар доираи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» баргузор гардиданд, бо бисёр тарзу усулҳои нав шинос шудем. Яке аз ин усулҳо омода кардани китобҳои худсохт аз тарафи худи хонандагони хурдсол мебошад. Хонандагон  китобҳояшонро  бо шавқу ҳаваси беандоза ороиш медоданд ва аз ҳама муҳим, барои тозаву озода нигоҳ доштани маҳсули дасташон масъулияти бештар зоҳир менамоянд.  Ба ибораи дигар, ин лоиҳа аз як сӯ шавқу ҳаваси хонандагонро ба китобхонӣ бештар мекунад, аз сӯи дигар ба ҳифзу нигоҳдории китобҳои дарсӣ низ кумак мерасонад».

Апрель 2, 2019 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд