МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ-ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Ба Рӯзи байналмилалии ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ бахшида мешавад

Апрель 18, 2019 13:22

ДУШАНБЕ, 18.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавҷудияти мероси бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон омили асосии рушди сайёҳии кишвар эътироф шудааст.

Дар робита ба Рӯзи байналмилалии ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳо ва  ҷойҳои таърихӣ, ки аз соли 1984 инҷониб бо  қарори ЮНЕСКО  ҳамасола 18 апрел таҷлил мешавад, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нақшиёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар рушди сайёҳӣ матлабе таҳия намудем, ки пешкаши хонандагон мегардонем.

Мавриди зикр аст, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018, №189 рўйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ гардид. Ба рўйхати мазкур дар баробари дигар иншооти сайёҳӣ мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ва динӣ (осорхонаҳо, зиёратгоҳҳо, иншооти таърихӣ) ворид гардидаанд.

Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ хатсайрҳои таърихию фарҳангӣ ташкил гардида, пешниҳоди сайёҳони дохилию хориҷӣ гардонида шудааст. Хатсайрҳои мазкур фарогири мамнўъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор, Қалъаи Хуҷанд, пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм, муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кўлоб, осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абўабдулло Рўдакӣ, маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷруд, мамнўъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук, Карон, Ховалинг, Аҷинатеппа, Осорхонаи миллӣ ва дигар ёдгориҳо мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки рушди сайёҳӣ аз шароити табиӣ ва муҳити атроф вобаста буда, фарҳанги миллӣ, урфу одат, хўрокҳо ва нўшокиҳои миллӣ, таърих ва осори фарҳангиро дар бар гирифта, заминаи асосии рушди сайёҳӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, рушди сайёҳӣ бояд аз як насл ба наслҳои дигар якҷо бо фаъолият нисбати ҳифзи табиат ва муҳити сохташудаи атроф, осори ниёгон, дастгирии фарҳанг ва тамаддуни маҳаллӣ, расму оин, касбу ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шавад.

Пурсишҳои иҷтимоӣ миёни аксари сайёҳони ба кишвар воридгардида аз он шаҳодат медиҳанд, ки онҳо бештар ба навъҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, экологӣ, куҳию шикорӣ мароқ зоҳир менамоянд.

Дар раванди рушди сайёҳии таърихию фарҳангӣ тибқи арзёбии мутахассисони соҳа зиёда аз 3000 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба ќайд гирифта шудаанд, ки ин мавҷудияти осори ғании ниёгони тоҷик ва миқдори ёдгориҳое, ки ба феҳристи объектҳои ҳифзшавандаи ЮНЕСКО дохил шудаанд, мусоидат менамояд.

Боиси сарфарозии мо аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушду нумуи бемайлони соҳаи сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди инфрасохтор,инчунин муаррифии таъриху фарҳанг, табиат, анъанаҳои миллӣ, рушди соҳаҳои хизматрасониву сайёҳӣ ва ба ин васила бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

Бахшида шудани се сол ба ин соҳаи муҳиму афзалиятнок барои рушди иқтисоди миллӣ ба инкишофи навъҳои ояндадори сайёҳӣ ва дар маҷмуъ ба тамоми нишондиҳандаҳои соҳа таъсири мусбӣ мерасонад.

Ҳоло аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномаи ёдгориҳои таърихӣ дар шакли буклет бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия ва нашр гардида истода, миёни дӯсторони сайру саёҳати Тоҷикистон паҳн гардида истодаанд. Айни замон, маълумотнома оид ба мавзеъҳои таърихии “Саразм” ва “Карон” таҳия гардида, байни ширкатҳои сайёҳӣ, дар намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои сайёҳӣ ройгон тавсеа гардида истодаанд. Маълумотнома оид ба имкониятҳои рушди сайёҳии таърихию фарҳангӣ дар портали миллии сайёҳӣ, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, испанӣ, олмонӣ, ҷопонӣ ва фаронсавӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет фаъол аст, низ ҷой дода шуда, тарғиб карда мешаванд. Ҳамчунин, аз ҷониби Кумита ҳамасола роликҳои тарғиботӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ таҳия гашта, дар он таъриху фарҳанг, урфу анъанаҳо ва тамаддуни бою қадимаи миллати тоҷик муаррифӣ карда мешавад.

Ҳамасола аз ҷониби Кумита ва ширкатҳои сайёҳӣ баҳри рушди сайёҳии дохилӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии наврасону ҷавонон, кормандони касбу кори гуногун саёҳатҳои муташакилона ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ташкил карда мешавад.

Кумитаи рушди сайёҳӣ барои ба сатҳи байналмилалӣ баробар намудани мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва бунёди инфрасотори зарурӣ дар гирду атрофи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Апрель 18, 2019 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ризо Солеҳии Амирӣ: «Аз ҳар муваффақияти Тоҷикистон ҳушҳолу сарфароз мешавем»
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази пажуҳишии Шурои исломии Эрон ҳамкорӣ дар самти таҳқиқотро густариш медиҳанд
Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетикӣ ва биотехнологияи Эрон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Аҳли илму адаби Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон баррасӣ гардид
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон 6 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
«Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2024» гардиданд
Дар Душанбе робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лакноуи Ҳиндустон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Пажуҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе Форуми олимону пажуҳишгарони Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе маҳфили шеъру адаби Тоҷикистон ва Эрон оғоз гардид