«Нақши Абӯалӣ ибни Сино дар рушди фалсафа, илм ва тамаддуни ҷаҳонӣ»-таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Апрель 5, 2019 12:30

ДУШАНБЕ, 05.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Нақши Абӯалӣ ибни Сино дар рушди фалсафа, илм ва тамаддуни ҷаҳонӣ»-таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази синошиносии он конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид. Ҳамоиши илмӣ ба пешвози таҷлили 1040-солагии зодрӯзи олим ва мутафаккири бузурги тоҷику форс, Шайхур-раис Абӯалӣ ибни Сино, ки соли 2020 дар мамлакат дар сатҳи баланд таҷлил мегардад, бахшида шудааст.

Ҳамоиши илмиро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки ин мутафаккири бузурги тоҷики сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаҳои мухталифи илму фалсафа асарҳои ҷовидона эҷод кардааст. Роҷеъ ба ҷаҳонбинии илмӣ ва фалсафии ӯ мақолаю гузоришҳо ва китобу монографияҳои зиёд дар ховаршиносии ҷаҳон ва маҳаллӣ ба чоп расида, мақом ва манзалати ӯ то дараҷае дар ин ҷода арзёбӣ ва муайян гардидааст. Вале ҳанӯз  ҳам бархе аз осори гаронбаҳояш дар соҳаҳои мушаххаси  илму фарҳанги тоҷик мавриди тарҷума ва таҳқиқу баррасӣ қарор нагирифта, ҷойгоҳ ва хидмати ӯ ба ҷаҳониён муайян ва муаррифӣ нагардидааст. Дар ҳоле ки тарҷума, омӯзиш, арзёбӣ, дастраси хонанда ва муҳаққиқ  гардондани осори бузургоне, чун Сино ва дигарон дар шароити истиқлолияти сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ басо муҳим ва саривақтӣ аст.

Бино ба маълумоти академик Ф. Раҳимӣ, рӯзҳои наздик «Китоби илоҳиёт»-и  Шайхурраис бо забони тоҷикӣ дастраси ҳамагон мегардад. Рисолаи «Ҳайвон» барои нашр омода шуда истодааст ва то охири соли 2019 дастраси хонандагон мегардад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки то соли 2020 бахшида ба бузургдошт, омӯзиш ва ташвиқи андешаҳои инсондӯстона ва илмпарваронаи Абӯалӣ ибни Сино бо иштироки донишмандону синошиносон Академияи илмҳо баргузории чандин ҳамоишҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро ба нақша гирифтааст.

Дар конференсияи илмӣ донишмандону синошиносони кишвар иштирок намуда, зиёда аз 20 маърӯзаву гузориш ва муҳокимаҳои умумӣ дар масъалаҳои омӯзиши осори Абуалӣ ибни Сино, аз ҷумла, масоили раванди ташаккули андешаи илмӣ-фалсафӣ дар шарқи асримиёнагӣ, саҳми Абуалӣ ибни Сино дар таърихи фалсафа, илми тиб, табиатшиносӣ, ҳандаса, нуҷум, мантиқ, адабиёт, хусусият ва вежагиҳои эҳёи раванди пайдоиш ва рушди андешаи фалсафӣ, саҳми Сино дар ташаккули манзараи илмии олам, аҳамияти тафаккури таҳлилӣ-интиқодии таълимоти Сино барои ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди зеҳнии насли муосир, хусусиятҳо ва мушкилоти тарҷумаи осори ниёгон ба забони имрӯза таҳлилу баррасӣ шуданд.

Аз ҷониби академик М. Диноршоев дар мавзӯи «Нақши Абуалӣ ибни Сино дар тамаддуни ҷаҳонӣ», узви вобастаи АИ ҶТ Абдураҳмон  Муҳаммад дар масъалаи фалсафаи варзиши рӯҳу бадани Ибни Сино, д.и.ф., профессор М. Маҳмадҷонова-«Андешаҳои фалсафии Абуалӣ ибни Сино дар асари «Ҳай ибни Яқзон», д.и.ф, проф. Н. Сайфуллоев-«Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илми мантиқ», д.и.ф. С. Раҳимов- «Назари Абуалӣ ибни Сино оид ба зебоӣ (эстетика) ва аҳамияти он барои назарияи зебошиносии муосир», д.и.тиб. Ю. Нуралиев- «Арзёбии  тибби муосир аз нигоҳи тибби Абуалӣ ибни Сино» ва донишмандони дигар маърӯзаҳои ҷолиб шунида шуд.

Аз ҷумла таъкид шуд, ки ҳар як дастоварде, ки тибби Ғарб аз ибтидои қарни 19 ва асри 21 ба даст овардааст, аз таҳқиқот ва тибби Сино сарчашма мегирад. Мутаассифона, осори гаронбаҳои Сино, ки на танҳо дар рушди илми тиб, балки дар рушди тамоми илмҳои дигари замона камназир аст, ба пуррагӣ дастраси ворисонаш нагардидааст. Бинобар ин олимонро зарур аст, ки дар таҳқиқ, тарҷума ва муаррифии осори Абуалӣ ибни Сино, истифодаи оқилона ва амалӣ аз осори Шайхурраис дар тарбияи насли наврас ва дар рушди ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷумҳурӣ  саҳми арзишманди худро гузоранд.

Мавриди зикр аст, ки  дар сохтори Академияи илмҳо Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ амал мекунад, ки ба таҳқиқ ва баргардонидани осори Сино машғул аст.

 Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

 

Апрель 5, 2019 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Институти биологии Помир оид ба рушди илму дониш дар замони истиқлол ҳамоиш доир шуд
Вазъияти кунунӣ ва сатҳи радиатсияи Искандаркӯл омӯхта мешавад
Китоби «Устозурраис Абурайҳони Берунӣ» ба нашр расид
РӮЗИ КИТОБ. Ғизои маънавии зиндагӣ бе китоб рангин нест
РӮЗИ КИТОБ. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мегардад
Дар Душанбе намоиш-фурӯши калони китобҳои тозанашр баргузор мегардад
Мутахассисони тоҷику хориҷӣ дар пиряхи Якарча таҳқиқоти маҷмуии илмӣ гузарониданд
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ нахустин ҳамоиши минтақавӣ доир шуд
Зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои санъати тасвирӣ ва дизайн тағйироти амиқ ба вуҷуд овардааст
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025» оғоз гардид
Барои мукофотонидани ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад
ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Ба беш аз 57 ҳазор оилаи шаҳри Ваҳдат «Шоҳнома» тақдим мегардад