Намояндагони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии санъати бахшӣ иштирок намуданд

Апрель 8, 2019 14:02

ДУШАНБЕ, 8.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 4-7 апрели соли равон дар шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фестивали байналмилалии санъати бахшӣ доир гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, маросими ботантанаи ифтитоҳи фестивал 5 апрел дар амфитеатри шаҳр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба вуқӯъ пайваст. Сарвари давлати Ӯзбекистон зимни фестивал оид ба мақоми фестивали байналмилалӣ, муколамаи фарҳангҳо ва рушду нумӯи минбаъдаи санъати бахшӣ сухан ронда, ба ҳамаи иштирокчиён, аз ҷумла намояндагони Тоҷикистон, Озарбойҷон, Булғористон, Эрон, Белгия, Афғонистон, Исроил, Қазоқистон, Қирғизистон, Сингапур, Сербия, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Молдова, Финландия, Россия, Туркманистон, Туркия ва Франсия бо зикри номи роҳбарони ҳайатҳо изҳори сипос намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар барномаи фестивал мамлакати моро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, номзади илмҳои санъатшиносӣ Кароматулло Раҳимов, достонсароёни машҳури халқӣ Азизбек Зиёев ва Ҳотам Ҳокимов намояндагӣ карданд.

Гӯяндаи халқии тоҷик Ҳотам Ҳакимов имсол ба синни 93 даромад.  Ӯ сокини деҳаи Оби Хирфи ҷамоати деҳоти  Зиддии ноҳияи Варзоб мебошад. Ҳотам Ҳакимов беш аз 60 сол боз гӯруғлисароӣ мекунад ва фолклори мардуми Тоҷикистонро борҳо дар саҳнаҳои гуногуни олам муаррифӣ кардааст.  Ӯ асосан гӯруғлисароӣ мекунад ва шаш достони ин эпоси халқиро азёд медонад.

Ҳотам Ҳакимов ду сол пеш Тоҷикистонро дар фестивали байналмилалии достонсароён, ки дар Туркманистон баргузор шуд, намояндагӣ карда, беҳтарин дониста шуда буд. Вай дар Симпозиуми 3-юми байналмилалӣ «Харитаи мусиқии ҷаҳон», ки дар Москва доир шуд, бомуваффақият ҳунарнамоӣ намуд.  Ба ҳунари гӯруғлисароии Ҳотам Ҳакимов  дар саҳнаҳои  Амрико ва Ҳиндустон низ борҳо кафкӯбӣ намудаанд…

Дар доираи фестивали Термез  6 апрел конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши санъати бахшӣ дар фарҳанги тамаддуни ҷаҳонӣ» сурат гирифт, ки дар чаҳорчӯбаи он олимон аз кишварҳои гуногуни дунё, аз ҷумла аз Тоҷикистон оид ба паҳлӯҳои гуногуни  ин ҳунари мардумӣ  ибрози андеша намуданд.

Бояд зикр намуд, ки дар кишварҳои Осиёи Миёна бахшӣ ба маънои ҳунарманди мардумӣ омада, ҳамчун иҷрокунандаи ҳунари фолклорӣ шинохта мешавад ва гурӯғлисароӣ низ намунае аз он маҳсуд меёбад.

ДАР АКСҲО: Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Мирзиёев ҳангоми дидор аз Фестивали санъти бахшӣ; гурӯғлисарои номвари тоҷик Ҳотам Ҳакимов.

Апрель 8, 2019 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд