Нигаронии Котиби генералии САҲА Томас Гримингер аз ҳузури террористони наҳзатӣ дар Аврупо

Апрель 30, 2019 08:10

ДУШАНБЕ, 30.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Котиботи Созмони аҳдномаи дастаҷамъӣ (СААД) дар шаҳри Москва 25 апрели соли 2019  ҷаласаи корӣ байни ин ташкилоти байналмиллалӣ ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) доир гардид.

Дар ҷаласа намояндагони давлатҳои аъзо, ҳайати Котиботи СААД  ва намояндагони САҲА бо роҳбарии Котиби генералии ин созмон Томас Гримингер ширкат варзида масъалаи тақвият бахшидани ҳамкориҳоро байни ин ду созмони байналмилалӣ баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо муборизаи дастаҷамъона ба муқобили ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористиву экстремистиро ба хотири таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон самти афзалиятноки кори худ унвон карда, омодагии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои муфиду судманд дар ин бахш иброз доштанд.

Яке аз масъалаҳои асосӣ ва эродҳои аз ҷониби СААД ба Котиби генералии  САҲА Томас Гремингер расонидашуда, ин минбар додан ба созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, аз ҷумла, ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ буд. Аз тарафи Котиботи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таъкид кардид, ки “САҲА яке аз ташкилотҳои обруманди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ буда, ба хотири таъмини амнияту субот дар гушаҳои гуногуни олам саъю кушиши зиёд мекунад. Вале мутаассифона баъзе ташкилотҳои террористиву экстеремистӣ аз иқдомҳои башардӯстонаи ин созмони бонуфуз суиистифода намуда, бо баҳонаи гӯё поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои динӣ ва дунявии худ, аз минбарҳои ин созмони байналмилалӣ ҷор мезананд ва кушиши пинҳон кардани ҷиноятҳои қаблан содиркардаи худро мекунанд.

Котиби генералии САҲА Томас Гримингер барои пешниҳоди маълумот нисбати ТТЭ ҲНИ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки ин мавзуъ онҳоро низ хеле нигарон кардааст. Қайд кард, ки САҲА як ташкилоте мебошад, ки дар он сохторҳо ва институтҳои гуногун фаъолият дошта, тасмими иштироки баромадкунандагон дар ҷаласаҳои солонаи САҲА аз ҷониби онҳо гирифта мешавад. Хеле мутаассифанд, ки баъзан  доираҳои бадхоҳ  ин имкониятҳои пешниҳодкардаи САҲА-ро ба манфиатҳои ғаразноки худ истифода мекунанд. Онҳо ин камбудии худро дарк мекунанд ва аз ин рӯ баъди бозгашт ба қароргоҳи САҲА  ҳатман як комиссияи босалоҳияте ташкил дода, масъалаи иштироки ашхоси тасодуфиву нолоиқ ба монанди аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро дар ҷаласаҳои ин созмони байналмилалӣ баррасӣ хоҳанд кард.

 

  Акс аз сомонаи расмии ОДКБ

Апрель 30, 2019 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид