ОБУ ҲАВО: имрӯз ҳавои Тоҷикистон абрнок шуда, борон меборад

Апрель 23, 2019 08:08

ДУШАНБЕ, 23.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок  шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар  ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борон ва барф дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 5-10 ва  рӯзона 17-22  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм шуда, рӯзона  8-13 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Дар вилояти Суғд    ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд.  Дар  баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр  барф  меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 15-20 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва  рӯзона 20-25 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7   ва  рӯзона  9-14  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, дар  ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  10-15   ва   рӯзона 20-25 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои абрнок мешавад. Дар  баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.  Боридани  жола  низ дар назар аст. Дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15  ва рўзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 5-10  ва  рўзона 14-19  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе  тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 11-13  ва рӯзона 24-26 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 23, 2019 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад