ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: то 11 апрел дар Тоҷикистон боронҳои пуршиддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 09.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, шурӯъ аз имрӯз то 11 апрел дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гардида, боридани боронҳои пуршиддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.
Тавре аз Агентӣ зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ боронҳои шиддатнок борида, раъду барқ ба амал меояд.
Имрӯз, 9 апрел дар натиҷаи ба амал омадани раъду барқ вазиши шамол шиддат ёфта, то ба 17-22 метр дар як сония мерасад.
Дар натиҷаи боришоти зиёде, ки ба дарёҳои қаторкӯҳи Ҳисор, инчунин дарёҳои Ёхсу, Қизилсӯ, Кофарниҳон, Элок, Сурхоб ҷорӣ мешаванд, баландшавии якбораи сатҳи об дар назар дошта шуда, эҳтимоли омадани сел пешбинӣ мешавад.
Аз 9 то 11 апрел дар ноҳияҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, ғарби ВМКБ (дар баландии 2500м) ва роҳҳои мошингарди «Душанбе — Хуҷанд», «Душанбе — Хоруғ», «Хоруғ — Ғунт», «Хоруғ — Ишкошим», «Хоруғ — Мурғоб» ва «Рӯшон — Бартанг» эҳтимоли резиши санг зиёд аст.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар натиҷаи боронҳои шадид хавфи лағжиши тарма, омадани сел ва резиши санг дар назар аст.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолии мамлкат хоҳиш мекунад, ки аз сафар ба мавзеъҳои селрезу тармахез худдорӣ кунанд, муддате то эътидоли ҳаво ба кӯҳу доманакӯҳҳо низ барои омода кардани ҳезуму алаф ё чаронидани чорво нараванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва ё ягон ҳодисаи нохуш шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои бахши навбатдории КҲФ: 93 880 28 19; 221-91-19; 223-13-11 муроҷиат намоянд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






