Ғолибони «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян мегарданд
ДУШАНБЕ, 10.04.2019./АМИТ «Ховар». Ба муносибати ҷашни касбии хизматчиёни Қӯшунҳои дохилӣ, ки ҳамасола 10 апрел таҷлил карда мешавад ва 26-умин солгарди таъсиси ин сохтор, ҳамзамон таъсиси дастаи таъйиноти махсуси он мусобиқаҳои кушоди шахсӣ-даставӣ аз намудҳои футбол, гӯштини миллӣ ва тирпарронӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат идома доранд. Ин мусобиқот то 12 апрел идома хоҳанд ёфт.
Тавре аз Қӯшунҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба ин мусобиқаҳо 10 дастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ҷалб гардида, барои дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ рақобат намуда истодаанд.
Ба иттилои манбаъ, 13 апрели соли равон дар заминаи қисми ҳарбӣ баргузор намудани чорабиниҳои ҷашнӣ дар назар дошта шуда, инчунин даври ҷамъбастии мусобиқаҳои кушоди шахсӣ-даставӣ аз намудҳои футбол, гӯштини миллӣ ва тирпарронӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат низ дар назар аст.
Бояд зикр намуд, ки Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ яке аз сохторҳои бузург ва калидии Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳисоб рафта, вазифаҳои пурмасъули таъмини амнияти давлату шаҳрвандони ҷумҳурӣ, пойдории сулҳу субот, ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва дигар вазифаҳои муҳимро бар дӯш дорад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






