Ҷоми КФО: имрӯз дастаи «Хуҷанд» бо «Алтин Асир» қувва месанҷад

Апрель 30, 2019 09:35

ДУШАНБЕ, 30.04.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  дар доираи даври сеюми бозиҳои Ҷоми КФО дар гурӯҳи «Д» дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо  дастаи «Алтин Асир»-и Туркманистон қувва месанҷад.  Шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Аловиддин Бӯриев шарҳ медиҳад.

Дастаи «Хуҷанд» баъди даври дуввуми бозиҳо  бо се имтиёз дар мақоми дуюми гурӯҳи  «Д» ҷойгир шудааст ва ба ин вохӯрӣ баъди ғалаба  дар бозиҳои даври чоруми Лигаи олии Тоҷикистон бар дастаи  «Регар-ТадАЗ»(3:1)  бо рӯҳияи пирӯзӣ ворид мешавад. Тавре дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ сармураббии дастаи «Хуҷанд»  Виталий Левченко изҳор кард, онҳо дастаи «Алтин Асир»-ро хуб омӯхтаанд ва тамоми кӯшишу ғайратро ба он равона мекунанд, ки бо бозии хубашон хотири мухлисонро шод намоянд. Ӯ гуфт: «Алтин Асир» финалисти соли гузаштаи Ҷоми КФО аст ва он нишондиҳандаи қудрати ин даста мебошад. Дар баробари «Алтин Асир»  ҳунарнамоӣ кардан душвориҳои зиёдро рӯи кор хоҳад овард, аммо мо бозиҳои ин дастаро омӯхтем ва дар муқобил тадбирҳои худро андешидем, ки дар вақти вохӯрӣ амалӣ хоҳем кард. Футболбозони дастаи мо ҳама омодаанд»

Легионери дастаи «Хуҷанд» Турсуналӣ Рустамов, ки дар вохӯрӣ бо дастаи «Реагар – ТадАЗ»  лат бардошта буд, омода аст дар вохӯрӣ бо дастаи «Алтин Асир» ба майдон ояд. Турсуналӣ аввалин тӯбашро дар мавсими  нави футболи Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо дастаи «Регар-ТадАЗ» ба нишон расонид.

Дастаи «Алтин Асир» баъди мусовӣ бо «Дордой»-и Қирғизистон (1:1) дар даври аввал ва бо «Истиқлол»-и Душанбе дар майдонаш (1:1) дар даври дуввуми Ҷоми КФО  дигар холеро аз даст доданӣ нест, зеро аз гурӯҳ танҳо як даста ба бозиҳои минбаъда роҳхат мегирад. Аз тарафи дигар, дар Чемпионати Туркманистон «Алтин Асир» дар зинаи чорум қарор дошта, бозии охири худро бо пешсаф-«Алай» бо натиҷаи 1:1 анҷом дод. Сармураббии дастаи «Алтин Асир» Язгулӣ Хоҷагелдиев изҳор кард, ки дар гурӯҳ дастаи аз ҳама ботаҷриба «Истиқлол»-и Душанбе аст ва дигар дастаҳо бо ҳам баробар ҳастанд.  Ӯ гуфт: «Бозии «Хуҷанд»-ро бо «Дордой» тамошо кардем, аз аввал то ба охир футболбозони «Хуҷанд» мубориза бурданд. Фикр мекунам, ки моро бозии душвор дар пеш аст. Нисбат ба соли пешин дар ҳайати дастаи мо тағйироти зиёде ба амал наомадааст ва се бозингари ҷавонро интихоб кардаем».

Ба ҳамин тартиб, дастаи «Хуҷанд» дар вохӯрии сеюми Ҷоми КФО  бо дастаи «Алтин Асир» имрӯз, соати 16:00, дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд  бо пироҳанҳои сурх ба майдон меояд. Мухлисонро бозии ниҳоят пуршиддат ва пурмасъулият интизор аст.

Ҷадвали мусобиқа пеш аз вохӯрии даври сеюм чунин аст:

Апрель 30, 2019 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд