Ҷоми КФО: «Истиқлол» ва «Хуҷанд» бори аввал дар таърих дар мусобиқаи байналмилалӣ бо ҳам қувва меозмоянд

Апрель 3, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 03.04.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Бори аввал дар таърихи варзиши Тоҷикистон ва Осиё имрӯз, 3 апрел дар  Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ду дастаи беҳтарини Тоҷикистон –»Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар бозии аввали гурӯҳи «Д» –и Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё бо ҳам қувва месанҷанд. Шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ  шарҳ медиҳад.

Дар чемпионати Тоҷикистон  ва мусобиқа барои Ҷомҳои кишвар «Истиқлол» бо «Хуҷанд» бозиҳои зиёди байниҳамдигарӣ барпо кардаанд, аммо  дар сатҳи байналмилалӣ   ду дастаи беҳтарини Тоҷикистон маротибаи аввал вориди майдон мешаванд. Нишондоди омории вохӯриҳои байниҳамдигарии дастаҳо  дар ду соли охир шаҳодат медиҳанд, ки «Истиқлол» аз 7 бозӣ дар 6-тоаш ғалаба карда, ҳамагӣ дар як вохӯрии соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 4:3 мағлуб шудааст. 4 рӯз пеш ин дастаҳо барои Ҷоми олии Тоҷикистон бо ҳам рақобат карданд ва «Истиқлол»  бо натиҷаи 3:0 ғодиб омада,  маротибаи ҳаштум соҳиби Суперҷом гардид. Ин навбат оё «Хуҷанд» метавонад бозии чемпионӣ нишон диҳад ва ба натиҷаи дилхоҳ ноил гардад?

Дар нишасти хабарии пешазбозӣ  сармураббии дастаи «Хуҷанд» Нуъмон Юсупов гуфт: «Дар бозии гузашта мо ба фишори сахт рӯ ба рӯ шудем ва ҳаяҷон нагузошт, ки бозингарон дар муқобили «Истиқлол» бе хато бозӣ кунанд. Давоми ин рӯзҳо мо ҳамаи он ноқисиҳоро омӯхтем ва дар бозии имрӯза бо масъулияти бештар ба майдон меоем. Сатҳи бозиҳо барои Ҷоми КФО аз мо талаб мекунад, ки дар ҳар рақобат танҳо барои бозии зебо нишон додан вориди майдон шавем».

Сармурабии дастаи «Истиқлол»  Ҳаким Фузайлов дар ҷараёни нишаст иброз дошт, ки «Хуҷанд» баъди бохт дар Ҷоми олиии Тоҷикистон барои осуда кардани мухлисонаш тамоми қувваро барои ғалаба равон хоҳад кард. Аммо «Истиқлол» ҳамон бозиеро ихтиёр хоҳад кард, ки хоси ӯст.

Дар мавриди иштирок накардани беҳтарин нишонзани мавсими соли гузаштаи футболи Тоҷикистон Шериддин Бобоев дар бозии Суперҷом ӯ афзуд, ки ҳам Шериддин ва ҳам Табрези Давлатмир аз сабаби дар дастаи мунтахаби олимпӣ ширкат карданашон аз тамринҳо ва бозиҳои таҷрибавӣ қафо монаданд ва аз ҳамин хотир ба дигар футболбозон имкон дода шуд, ки дар вохӯрии суперҷоми Тоҷикистон худро нишон диҳанд.

Фатҳулло Фатҳуллоев ва Ойбек Абдуғаффоров мухлисонро ба варзишгоҳ даъват карда, қавл доданд, ки бозии зебою рангин онҳоро интизор хоҳад буд, зеро мухлисони ду клуби  футболи Тоҷикистон низ бо тамошои ин бозӣ ба таърихи футбол ворид мегарданд. Онҳо нахустин тамошобиноне хоҳанд шуд, ки бозии ду дастаи мамлакатро дар мусобиқаи байналмилалӣ бо номи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё тамошо кардаанд.

Вохӯрии байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷандро доварон аз кишвари Шри-Ланка ҳакамӣ мекунанд. Довари ФИФА Гамини Нивон Робеш ба ҳайси довари асосӣ дастаҳоро ба майдон мебарорад. Ба ӯ  Веллабад  Ниваҷ  Дон Санҷиҷ Премалал ва Локу Кастботе  Иран Удайякант ҳамчун ёвар ва Ҳанна Хатоб аз Сурия ба ҳайси довари эҳтиётӣ кумак мерасонанд. Нозири доварон Рустам Юсуф Мирзо аз Арабистони Саудӣ ва  комиссар Субраманиан Маникам аз Малайзия таъйин шудаанд.

Биёед вохӯрии байни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд)-ро имрӯз, соати 19:00, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳам тамошо кунем.

Апрель 3, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад
Нуралӣ Арабзода раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб карда шуд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу ба Бозиҳои Осиёӣ омодагӣ мебинад
НАТИҶАҲОИ СОЛИ 2025: Дастаи Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳонии «ACBJJ-2025» 40 медал ба даст овард
Беҳтарин варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 муайян карда шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2025-ро дар раддабандии ФИФА бо мақоми 101-ум ҷамъбаст кард
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Ғолибони он дар шаҳри Душанбе муайян гардиданд
Манучеҳр Каримзода раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон интихоб шуд
Варзишгарони тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё бо дастоварди бузург ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанҳои ҷавони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ҷамъбаст гардид