Ҷоми КФО: «Истиқлол» ва «Хуҷанд» имрӯз бозиҳои даври дуюмро барпо менамоянд
ДУШАНБЕ, 17.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи даври дуюми бозиҳои Ҷоми КФО дар гурӯҳи «Д» дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд вохӯриҳои худро барпо менамоянд. Шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Аловиддин Бӯриев шарҳ медиҳад.
«Истиқлол» -и Душанбе ба ҳайси пешсафи гурӯҳ ба шаҳри Ашқободи Туркманистон омад ва бо чемпиони ин кишвар – «Алтин Асир» қувва месанҷад. Ин дастаҳо дар доираи бозиҳои байналмилалӣ 4 дидор анҷом додаанд, ки дар он нишондиҳандаи баробарӣ эҳсос мешавад- 1 ғалаба, ду мусовӣ ва як бохт. Соли 2017 футболбозони «Истиқлол» дар шаҳри Ашқобод бозиро бо дастаи “Алтин Асир» бо натиҷаи 1:1 ҷамъбаст карда, дар вохӯрии ҷавобӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардиданд. Як сол пас бори дигар дар Ашқобод натиҷаи 2:2 –ро ба даст оварда, дар шаҳри Душанбе бозиро бохтанд (2:3).
Имсол нисбат ба соли гузашта дар ҳайати дастаҳо дигаргунии куллӣ ба чашм мерасад. Тавре сармураббии дастаи «Истиқлол» Ҳаким Фузайлов дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ арз кард, 70 фоизи бозингарони клуби футболи «Истиқлол» дигар шудаанд ва тайёрии даста ба бозиҳои имсола беҳтар аст. «Мақсади мо аз гурӯҳ ба даври дигар баромадан аст ва боварӣ дорам, ки ба ғайр аз «Хуҷанд» дар гурӯҳи «Д» ҳама дастаҳо чунин қасд доранд. Дар бораи дастаи «Алтин Асир» маълумоти зиёде дорем ва имрӯз танҳо бо мақсади ғалаба ба майдон меоем»,-гуфт Ҳаким Фузайлов.
Сармураббии дастаи «Алтин Асир» Язгулӣ Хоҷагелдиев «Истиқлол»-ро хуб медонад ва дар ду мавсими гузашта маҳз ин дастаҳо барои ҷои аввал бо ҳам рақобат кардаанд. Аз он ки дар бозии гузашта бо «Дордой»-и Қирғизистон «Алтин Асир» натиҷаи мусовӣ ба даст овард, футболбозону мураббиён рӯҳафтода нестанд ва имрӯз бо «Истиқлол» танҳо барои ғалаба ба майдон меоянд. «Ҳамаи бозингарон барои ғалаба бо дастаи «Истиқлол» омодаанд»,-ҷамъбаст кард Язгулӣ Хоҷагелдиев.
Дар даври аввал «Истиқлол» бар «Хуҷанд» (3:0) ғолиб омаду «Алтин Асир» дар сафар бо «Дордой» (1:1) натиҷаи мусовиро соҳиб шуданд.
Вохӯрии байни дастаҳои «Алтин Асир» ва « Истиқлол» соати 17:00 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи «Копетдаг» оғоз меёбад.
Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бори аввал бозии Ҷоми КФО-ро дар доираи бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО дар варзишгоҳи «20 –солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» доир мекунад. «Дордой»-и Қирғизистон бо як имтиёз баъди даври аввал ба меҳмонии «Хуҷанд» омад.
Пеш аз ин бозӣ клуби футболи «Хуҷанд» сармураббии худро иваз намуд ва Виталий Левченко дар вазифаи нав футболбозони соҳили Сирро ба сӯи ғалабаҳо ҳидоят мекунад. Дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ Виталий иброз дошт, ки “дар назди мо вазифаи хурсанд кардани мухлисон ва ба дастовардҳои назаррас соҳиб шудан истодааст. Бо даста ҳамагӣ як машқи назариявӣ гузаронидаам ва умед дорам, ки дар ояндаи наздик аз таҷрибаи андӯхтаам дар КФ «Криля Советов» истифода мекунам. «Дордой» ғалаба кардан мехоҳад, мо низ”.
Бозии байни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Дордой» имрӯз соати 16:00 оғоз меёбад.








Варзишгарони тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё бо дастоварди бузург ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанҳои ҷавони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ҷамъбаст гардид
Варзишгарони тоҷик дар Парабозиҳои V Осиё байни наврасон 4 медал ба даст оварданд
Варзишгари тоҷик Акмал Убайдов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс–2025 шуд
Байни деҳаю маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мусобиқаи футбол оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқи инсон ва механизмҳои амалишавии он ҷаласа доир гардид
Дастаи «Сардор»-и Турсунзода бори аввал ба Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол баромад
Дастаи «Сипар» ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал гардид
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025. Имрӯз дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» дар финал бозӣ мекунанд
«Истиқлол»-и Душанбе бори чордаҳум чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ шуд
«Истиқлол» баъди ғалаба бар дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук» ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад






