Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини озод ва юнонӣ-римӣ иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 15.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 28 апрели соли равон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии мардуми Чин Чемпионати Осиё оид ба гӯштини озод ва юнонӣ-римӣ баргузор мегардад, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ иштирок мекунад.
Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар Чемпионати Осиё қувваозмоиҳо аз рӯи ду равияи гӯштин – тарзи озод миёни мардону бонувон ва юнонӣ-римӣ миёни мардон дар 30 категорияи вазнӣ сурат мегиранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 13 нафар варзишгар — 10 нафар дар равияи тарзи озод, 3 нафар дар равияи юнонӣ-римӣ намояндагӣ хоҳанд кард. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё аз рӯи гӯштини тарзи озод инҳо дохиланд: Ҳикматулло Воҳидов ( -57кг), Ҷамшед Шарифов (-61кг), Абулқосим Файзиев (-65кг), Сорбон Абдулҳаев (-70кг), Ғуломҷон Шарифов(-74кг), Аъзамҷон Юсуфов (-79кг), Баҳодур Қодиров (-86кг), Фаридун Одилов (-92кг), Искандари Рустам (-97кг) ва Фарҳод Анақулов (-125кг) бо роҳбарии сармураббӣ – Абдурозиқ Олимов.
Аз намуди гӯштини юнонӣ-римӣ Мубинҷон Ахмедов (-67кг), Ҳабибҷон Зуҳуров (-77кг) ва Тоҳир Охонов (-87кг) бо роҳбарии сармураббӣ – Фаррух Беков ҳунарнамоӣ мекунанд.
Чемпионати Осиё барои варзишгарон як замина барои Чемпионати ҷаҳон маҳсуб меёбад, ки моҳи сентябр дар шаҳри Нурсултон (Остона) мегузарад. Яъне дар Чемпионати ҷаҳон он варзишгароне иштирок карда метавонанд, ки дар чемпионатҳои минтақавӣ ширкат карда бошанд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Нурсултон 5 варзишгари беҳтарин дар ҳар вазн соҳиби аввалин роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз рӯи ин намуди варзиш мегарданд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






