Пахтакорони Турсунзода бо истифода аз ҳавои мусоид рӯзе дар 100 гектар чигит кишт мекунанд

Апрель 20, 2019 11:37

ТУРСУНЗОДА, 20.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Турсунзода  то имрӯз  зиёда аз 600 гектар  чигит ва 8915 гектар ғалладонагиҳо кишт намудаанд.

Масъулини Раёсати кишоварзии шаҳри Турсунзода мегӯянд, ки деҳқонони ноҳия аз ҳавои мусоид самаранок истифода карда, дар як рӯз ба воситаи 30 адад тухмпошакҳо беш аз 100 гектар кишти чигит  мегузаронанд.

Имсол дар асоси нақшаи таҳиягардида кишоварзони шаҳри Турсунзода бояд дар 14011 гектар ғалладонагӣ, 2800 гектар пахта ва 500 гектар шолӣ кишт намоянд. Аммо  боронҳои пайдарпайи ҳафтаҳои охир ба ҳама намуди кишти зироат  монеа эҷод намудаанд.

Масъулини  Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Турсунзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуданд, ки барои сари вақт таъмин намудани зироати кишоварзӣ бо оби полезӣ дар масоҳати 12 км заҳбуру заҳкашҳоро ба миқдори 44 ҳазор метри кубӣ тоза намуда, дастгоҳҳои обкашии  панҷ  пойгоҳи обкашро таъмири ҷорӣ намудаанд. Дар айни замон корҳо дар ин самт идома доранд.

Апрель 20, 2019 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид