Рустами Эмомалӣ президенти нави Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 24.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Конгреси навбатии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA — Central Asian Football Association), ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, президенти нави CAFA интихоб шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Акнун қароргоҳи CAFA ба пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе мекӯчад»,- иттилоъ доданд аз ФФТ.
Анҷумани навбатии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенсии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он коршиносони сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, баъди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардидани Рустами Эмомалӣ дар соҳаи футболи тоҷик тағйироти куллӣ ба миён омад. Сохта ба истифода додани садҳо майдончаҳои хурду бузурги варзишӣ, татбиқи барномаи рушди футболи маҳаллӣ, дастгирии футболбозони наврасу ҷавони миллати тоҷик ва ғолибияти дастаҳои якачини футболи тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ натиҷаи заҳматҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошанд.
«Рустами Эмомалӣ натанҳо дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷавонону варзишгаронро дастгирӣ менамояд, балки ӯ ҳамеша ғамхору дастгири ҷавонони мамлакат буда, соли 2017 сарпарастии тамоми чорабиниҳои Соли ҷавононро бар уҳда дошт»,- афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ зерсохтор ва ассотсиатсия дар Конфедерасияи футболи Осиё буда, футболро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ назорат мекунад. Ассотсиатсия мазкур 10 июни соли 2014 ташкил шуда, расман 9 январи соли 2015 ба фаъолият шурӯъ кардааст. Ба ин Ассотсиатсия федератсияҳои футболи Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомил мебошанд.









ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт
Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид






