«САВГАНД БА НОМАТ, ЭЙ ВАТАН!». 211 нафар наваскарон дар шаҳри Турсунзода қасами садоқат ёд карданд
ДУШАНБЕ, 22.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. 20 апрели соли равон дар назди пайкараи И.Сомонии шаҳри Турсунзода бахшида ба савгандёдкунии 211 нафар наваскарони қисми низомии 6592-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ маросими тантанавӣ доир гардид.
Тавре аз аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин маърака Фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Суҳроб Рауфзода, Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода, собиқадорон, волидайни наваскарон ва роҳбарияти қисми низомӣ иштирок доштанд.
Раиси шаҳри Турсунзода меҳмонон ва падару модаронро бо маросими савгандёдкунии фарзандонашон табрик намуда, бо боварӣ зикр намуд, ки наваскарон ба савганди ёдкардаи худ устувор монда, ба халқу Ватан содиқонаву самимона хизмат хоҳанд кард.
Фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, полковник Суҳроб Рауфзода дар ҷамъомад изҳор кард, ки «хизмат дар сафи Артиши миллӣ шараф буда, онҳое ки ба хизмати Модар-Ватан сафарбар карда мешаванд, маросими савгандёдкунӣ дар хотирашон чун санаи фаромӯшнашаванда боқӣ хоҳад монд».
Ба иттилои манбаъ, аксари он наваскароне, ки савганди садоқат ёд карданд, ҷавононе, буданд, ки бо майлу хоҳиши худ ба хизмат омадаанд. Донишу маърифат ва фарҳангу маданияти сарбозон аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо воқеан бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва эҳсоси ватанпарварию миллатдӯстдорӣ хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳро вазифаи муқаддаси худ мешуморанд.








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






