Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Пешвои миллат

Апрель 5, 2019 14:20

ДУШАНБЕ, 05.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраҳои асосии худро тай намуда,  зери сарварии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон шакл гирифта, рушд намуд. Ин нуктаро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон» доир гардид, баён дошт.

Ҳадафи ҳамоиш баррасии  самтҳои  асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми Пешвои миллат ба Парлумони мамлакат  зикр гардидаанд, маҳсуб ёфта,  дар он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, марказу пажӯҳишгоҳҳои  илмию тадқиқотӣ, донишмандону коршиносон иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати «дарҳои боз» аст,  ҳамасола дар Паёми Пешвои миллат  ба Парлумони мамлакат махсус зикр мегардад, зеро ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар оғози соҳибистиқлолии кишвар дар асоси усули муносибатҳои баробарӣ ва дӯстӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон муайян ва поягузорӣ гардидааст, боқӣ мемонад.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ  ва рушди ҳамкории гуногунҷанба бо кишварҳои минтақа  авлавият медиҳад. Густариши муносибатҳо бо  давлатҳои Осиёи Марказӣ, чун анъана, дар заминаи дӯстиву эътимод, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории самарабахш ба роҳ монда шудааст. Далели ин гуфтаҳо тавсеаи муносибатҳо бо кишвари ҳамсояамон Ӯзбекистон аст. Дар зарфи ду даҳсолаи охир таҳаввулоти бузурги таърихӣ дар муносиботи ҳарду давлат мушоҳида гардида, муносибатҳо  ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварда шуданд. Ин раванд дар Паёми Пешвои миллат ба Парлумони  мамлакат махсус таъкид гардида, яке аз дастовардҳои бузург дар сиёсати хориҷии кишварамон арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон муовини  директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода зимни суханронияш доир ба «Паёми Пешвои  миллат –қутбнамои  татбиқи сиёсати хориҷӣ ва амнияти миллӣ» гуфт, ки  тамоми самтҳои  асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба таъмини амнияти миллӣ, рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ,  дар маҷмӯъ ба суботи минтақа, хусусан авзои сиёсии кишвари ҳамсоя- Афғонистон равона гардидааст. Татбиқи  Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳу сифатан нав бардоштани робитаҳои байналмилалии кишварамонро дар шароити муосири  ҷаҳон таъмин менамояд. Тӯли соли  гузашта Президенти   кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  11 сафари  хориҷӣ анҷом доданд, ки дар ҷараёни онҳо 127 санади ҳамкорӣ ба имзо расида, дар тақвияти ҳамкории кишварамон бо давлатҳои хориҷӣ ва шарикони  анъанавӣ нақши муассир мегузоранд. Зикр гардид, ки дар шароити зудтағйирёбандаи  ҷаҳони муосир ва шиддатёбии рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ  зиракии сиёсиро набояд аз даст дод.

Дар ҳамоиш ҳамзамон  роҷеъ ба сиёсати  хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар масъалаи ҳалли низои  Афғонистон, инъикоси  сиёсати минтақавии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти минтақа  ва муносибатҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Паёми Пешвои миллат сухан карда шуд.

Апрель 5, 2019 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд