Таъкиди дубораи Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар мавриди рондани аъзоёни созмони террористии наҳзат аз хоки Туркия
ДУШАНБЕ, 24.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Чунон ки қаблан иттилоъ додем, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи муносибатҳои дӯстии Тоҷикистону Туркия бо даъвати ҷониби Туркия дар шаҳри Анқара қарор дошт.
Дар доираи сафар 22 апрели соли 2019 мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафа Шентоп баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла ҳамкориҳои байнипорлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба ва байналмилалии порлумонҳои Тоҷикистон ва Туркия ёдовар шуда, онро бахши муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва заминаи мусоид барои густариши бештари ҳамкориҳои гуногунҷанба арзёбӣ карданд.
Раиси Парлумони Туркия Мустафа Шентоп зимни мулоқот бори дигар таъкид намуд, ки ки ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия дар самти мубориза бар зидди ташкилотҳои террористӣ дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии амалҳои ташкилоти мамнӯи Фатҳуллоҳ Гӯлен чораҳои дахлдор андешидааст.
Дар ин росто Раиси маҷлис бори дигар изҳор намуд, ки аъзоёни созмони террористии Ҳизби наҳзати исломӣ, «Гурӯҳи 24» дигар созмонҳои террористи бинобар алоқамандӣ ба терроризм ва экстремизм аз қаламрави Туркия ихроҷ карда шудаанд.
Ҷаноби Мустафа Шентоп дубора зикр намуд, ки душмани Тоҷикистон душмани ашадии Туркия ва мардуми он мебошад. Ӯ омодагии мақомоташро дар мавриди муборизаи давомдор бо созмонҳои террористӣ зикр намуд.








ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд






