Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои коршиносони кишварҳои ИДМ оид ба масоили диабет иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 01.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. 4–5 апрели соли равон дар шаҳри Мински Беларус нишасти Шӯрои коршиносони кишварҳои ИДМ оид ба масоили диабет баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз ҷониби Тоҷикистон дар кори нишаст намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Минск иштирок хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ, зимни нишасти Шӯрои коршиносони кишварҳои ИДМ оид ба диабет масъалаҳои татбиқи барномаи ҳамкории кишварҳои ИДМ вобаста ба пешгирӣ ва табобати диабети қанд дар солҳои 2016-2020, ҳамчунин амалӣ кардани пешниҳодҳое, ки дар 28-умин нишасти Шӯро дар самти ҳифзи иҷтимоӣ қабул шуда буд, баррасӣ карда мешаванд.
«Дар доираи амалисозии Барномаи ҳамкории кишварҳои иштирокчии ИДМ оид ба пешгирӣ ва табобати диабети қанд барои солҳои 2016-2020 дар Тоҷикистон «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд барои солҳои 2012-2017» қабул ва муваффақона татбиқ карда шуд. Бо шарофати ин барнома беморони дорои диабети қанд бо инсулин ва дигар воситаҳои танзими қанд ройгон таъмин гардиданд. Ҳамчунин дар марказҳои эндокринологии ҷумҳурӣ «Мактаби диабет» ворид карда шуд, ки ҳамарӯза фаъолияти худро дар самти баланд бардоштани савияи донишҳо оид ба бемории диабети қанд бурда истодаанд»,-хабар доданд аз Вазорат.
Дар ҷараёни кори нишаст маълумот оид ба ҳолати имрӯзаи беморони дорои диабети қанд дар Тоҷикистон пешниҳод карда хоҳад шуд.
Ба иттилои Маркази клиникии эндокринологии ҷумҳурӣ, соли 2018 дар кишвар расман беш аз 44 ҳазор нафар беморони дорои диабети қанд ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора теъдоди нафарони ба намуди аввалаи ин беморӣ гирифторшуда беш аз 4 ҳазорро ташкил дода, ба намуди дуюм зиёда аз 40 ҳазор нафар шомил шудаанд.
Ба ғайр аз ин тақрибан 1 ҳазор нафар кӯдакони синни аз 0 то 18- сола гирифтори ин беморӣ мебошанд.








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид






