Варзишгари навраси тоҷик Мансур Раҳмон дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо соҳиби медали биринҷӣ гардид

Апрель 23, 2019 14:20

ДУШАНБЕ, 23.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони навраси тоҷик Мансур Раҳмон дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон сазовори медали биринҷӣ гардид.

Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, 20-21 апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасону ҷавонон доир шуд.

Бояд зикр кард, ки паҳлавони навраси тоҷик Мансур Раҳмон дар қувваозмоии вазни -90кг дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари мизбон Кайратбек Сабит ғалаба намуд, вале дар нимфинал аз варзишгари дигари Қазоқистон Рауан Нозимхонов мағлуб гашт. Мансур Раҳмон сипас барои ҷои сеюм бар намояндаи Ӯзбекистон Мурод Эркинов пирӯз шуд.

Ёдовар мешавем, ки 7 варзишгари дигари мо дар Ҷоми Осиё миёни наврасон ва ҷавонон аз медалҳо бенасиб монданд.

 

Апрель 23, 2019 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд