Вазири фарҳанг бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 26.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 25 апрели соли равон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ Андрея Даллалио — сардори Департаменти бахши сармоягузорӣ ва иқтисодӣ вобаста ба масоили ҳамкорӣ дар бахши сармоягузории соҳаи фарҳанг дар доираи лоиҳаи «Рушди аҳдофи устувори СММ» суҳбат оростанд.
Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳо оид ба бартарафнамоии мушкилоти мавҷудаи ёдгориҳои таърихӣ, ҳамкории густурда дар самти таъмири иншоот ва мавзеъҳои маъруфи сайёҳӣ, андешидани тадбирҳо дар соҳаи сармоягузорӣ, ҷалби неруи кории ватанӣ дар раванди таъмиркунӣ ва истифодаи иқтидори сайёҳии иншооти таърихӣ, аз қабили мақбараи Хоҷамашҳад, Қалъаи Ҳулбук, Чилучаҳорчашма ва Қалъаи Ямчун дар ҳамкорӣ бо Бунёди Оғохон оид ба рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.








Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






