ВКД ҶТ ХАБАР МЕДИҲАД: ду директори собиқ бо гумони қаллобӣ боздошт шуданд
ДУШАНБЕ, 12.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти ду директори собиқ, ки ба қаллобӣ даст задаанд, хабар медиҳад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни доир намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 52-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми дар вазифаи директори КВД “Сохтмони манзили дастрас” кор карданаш бо маслиҳати пешакӣ бо директори ҶДММ “Диёрсоз”, марди 41-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоев 25 январи соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 310 ҳазору 80 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
Ба иттилои манбаъ, нисбат ба номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтиши он идома дорад.








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






