ВКД ҶТ хабар медиҳад: роҳбари гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадаст Ёқуб Аҳрорзода бо лақаби «Ҷинҷак» дастгир гардид

Апрель 2, 2019 10:20

ДУШАНБЕ, 02.04.2019./АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як зумра ҷиноятҳои солҳои пеш содиргардида ошкор карда шуда, роҳбари гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадаст Ёқуб Аҳрорзода (Ғафуров Ёқуб Аҳрорович) бо лақаби «Ҷинҷак», соли таваллудаш 1973, сокини деҳаи Ваҳдатободи шаҳри Ваҳдат бо гумони роҳзанӣ ва ғасби гаравгон дастгир карда шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, номбурда бо маслиҳати пешакӣ бо аъзои гурӯҳаш, шаҳрванд Абоев Ҷамшед Исломович, соли таваллудаш 1983, бо лақаби «Иван», сокини н.Рӯдакӣ ва дигарон моҳи августи соли 1999, тахминан соати 11:00, дар маҳаллаи Яккатоли Ҷамоати деҳоти Н.Розиқи ш.Ваҳдат бо таҳдиди силоҳи оташфишон аз шаҳрванд Юсуфов Шералӣ Азизович, соли таваллудаш 1964, сокини ш.Ваҳдат, мошини шахсиаш тамғаи «МАРК-2»-ро, ки арзишаш 16000 доллари амрикоиро ташкил медод, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни тафтишот муайян карда шуд, ки Ёқуб Аҳрорзода бо маслиҳати пешакӣ бо аъзои гурӯҳаш, моҳи августи соли 1999, тахминан соати 10:00, ба манзили истиқоматии шаҳрванд Наҷмиддинов Абдусалом Холович, соли таваллудаш 1959, сокини деҳаи Дӯстии ш.Ваҳдат ворид шуда, бо таҳдиди силоҳи оташфишон аз манзили истиқоматии номбурда 2 адад видеомагнитофон, 1 адад маркази мусиқӣ, 8 сар чорвои калони шохдор ва дигар лавозимоти рӯзгорро ба маблағи 1000 доллари амрикоӣ тасарруф намуда, соҳибхона Наҷмиддинов А.Х. ва бародараш Наҷмиддинов Шодӣ Холович, соли таваллудаш 1963, сокини ҳамонҷоро ғайриқонунӣ ба деҳаи Ваҳдатобод бурда, дар манзили истиқоматии худи Аҳрорзода Ё. муддати 3 шабонарӯз ба сифати гаравгон нигоҳ дошта, пас аз талаб карда гирифтани 1 адад мошини тамғаи «Камаз» озод кардаанд.

Ҳамчунин Ёқуб Аҳрорзода бо маслиҳати пешакӣ бо аъзои гурӯҳаш, моҳи августи соли 1999, тахминан соати 11:00, шаҳрванд Мисҳоқов Раҷабалӣ Абдуллоевич, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Ваҳдатро бо таҳдиди силоҳи оташфишон аз назди манзили истиқоматиаш ғайриқонунӣ ба автобазаи №2929, воқеъ дар деҳаи Яккатоли Ҷамоати деҳоти Н.Розиқов оварда, ба сифати гаравгон нигоҳ дошта, пас аз талаб карда, гирифтани маблағи пулии 2000 доллари амрикоӣ озод кардаанд.

Ҳамин тариқ, Ёқуб Аҳрорзода бо маслиҳати пешакӣ бо аъзои гурӯҳаш, моҳи августи соли 1999, тахминан соати 11:00, шаҳрванд Ғафуров Сафед, соли таваллудаш 1923, сокини деҳаи Дарёободи н.Рӯдакиро бо таҳдиди силоҳи оташфишон аз назди манзили истиқоматиаш ғайриқонунӣ ба Ҷамоати деҳоти К.Исмоилов оварда, ба сифати гаравгон нигоҳ доштааст. Пас аз талаб карда гирифтани маблағи пулии 11000 доллари амрикоӣ ӯро озод намудаанд.

Нисбат ба Ёқуб Аҳрорзода бо моддаҳои 181 қисми 2 ва 249 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши он идома дорад.

Апрель 2, 2019 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд