15 май-Рӯзи байналмилалии иқлим. Масъалаи тағйирёбии муҳити зист дар мадди назари Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад

Май 15, 2019 15:31

ДУШАНБЕ, 15.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати таҳкими кӯшишҳо оид ба татбиқи Созишномаи Париж ва баланд бардоштани сатҳи ҳадафнокӣ ва амалигардонии  чораҳо дар самти тағйирёбии иқлим Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш 23 сентябри соли равон доир ба чораҳо дар самти тағйирёбии иқлим барои сарварони ҷаҳонӣ, аъзои ҳукумат, сармоягузорон, тоҷирон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамоиш баргузор менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.

15 май дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи  байналмилалии иқлим ҷашн гирифта мешавад. Таҷлил намудани ин ҷашни ғайрирасмӣ бо назардошти он, ки ҳимояи иқлим яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад, ба миён омадааст. Ин масъала бори аввал соли 1992 дар шаҳри Рио-Де-Женейрои Бразилия дар сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ гардида, пас аз он мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт.

Тағйирёбии иқлим солҳои охир яке аз масъалаҳои муҳими экологӣ ва глобалӣ гардида, оқибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва экологии он ҷомеаи ҷаҳониро ба тадбирандешӣ водор намудааст.

Яке аз қадамҳои нахустине, ки мамлакати мо дар ин самт гузошт, ин соли 1998 ба Конвенсияи қолабии СММ дар бораи тағйирёбии иқлим ҳамроҳ шудани он мебошад. Пас аз даҳ соли он, соли 2008 Тоҷикистон Протоколи Киоторо тасдиқ намуд. Барои иҷрои  уҳдадориҳо соли 2003 ахбори миллии якум ба Конвенсияи қолабии СММ дар бораи тағйирёбии иқлим, соли 2008 ахбори миллии дуюм ба ин Конвенсия ва Нақшаи миллии амал оид ба паст кардани оқибати тағйирёбии иқлим ворид гардиданд, ки он самтҳои афзалиятноки фаъолият оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро  муайян намуд.

Ҳоло ба Конвенсияи қолабии СММ оид ба  тағйирёбии иқлим зиёда аз 180 давлати дунё, аз ҷумла  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ мебошанд.

Бояд зикр намуд, ки яке аз омилҳое. ки сабаби тағйирёбии иқлим мегардад, ин кӯҳҳо мебошанд. Зеро онҳо аз ҳама бештар ба ин омил таъсир мерасонанд. Азбаски Тоҷикистон  мамлакати кӯҳӣ аст, он низ аз раванди тағйирёбии иқлим канор буда наметавонад. Мисоли аз ин омил дур набудани Тоҷикистон он аст, ки давоми 2-3 даҳсолаи охир зиёда аз 1000 пиряхҳои хурду калон об шудаанд.

«Тайи 30 соли охир аз 13 ҳазор пирях дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз ҳазор адади он пурра нобуд шудааст», — иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ИМА.

Тағйирёбии иқлим иқтисодиёти миллиро заиф гардонида, ба имрӯз ва ояндаи мамлакатҳо хисороти зиёд мерасонад. Аз ин хотир, масъалаи мазкур мавриди таваҷҷуҳи роҳбарони сатҳи олии мамлакатҳо қарор дорад.

Мавриди зикри хос аст, ки дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба аз минбарҳои баланд сухан карда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз оқибатҳои он ёдовар шуданд.

Дар ин хусус метавон аз мақолаи «Об барои рушди устувор» – и Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки соли гузашта дар ҳошияи иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар маҷаллаи «Нигориши СММ» ба табъ расид.

Аз ҷумла, дар мақолаи мазкур гуфта шудааст: «Таъсир ва зарари тағйирёбии иқлим бар асари офатҳои табиии ба об алоқаманд бештар ҳувайдо мешавад. Давоми солҳои 2000-2016 бар асари селу обхезиҳо зиёда аз 107 ҳазор одамон ба ҳалокат расидаанд. То соли 2050 ҳаҷми иқтидорҳое, ки таҳти хатари обхезӣ қарор мегиранд, тибқи ҳисобҳои пешакӣ метавонад 45 триллион доллари ИМА-ро ташкил кунад. Яке аз оқибатҳои ҷиддӣ дар ин маврид вайрон шудан ва аз кор баромадани инфрасохторҳои гуногуни хоҷагии халқ мебошад».

Бояд гуфт, ки раванди тағйирёбии иқлим сабаби обшавии пиряхҳо, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, омадани сел ва бештар аз ҳама, норасоии оби тозаи ошомиданӣ гардида истодааст. Аз ин хотир диққати ҷомеаи ҷаҳон, алалхусус роҳбарони сатҳи олии мамлакатҳо барои пешгирии он зиёд гардида, аз ҷониби онҳо тадбирҳои қатъӣ андешида мешаванд.

Аз раванди шадиди обшавии пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон, балки Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, ки 11 июни соли 2018 ба мамлакати мо ташриф оварда, аз кӯли Сарез ва минтақаи кӯҳҳои Помир боздид ба амал оварда буд, изҳори  нигаронӣ намуд.

«Дабири кулли СММ изҳор дошт, ки таъсири тағйирёбии иқлим, ки онро дар Тоҷикистон мушоҳида кард, ӯро дар ҳайрат гузошт. Тақрибан сӣ дарсади пиряхҳои ин кишвар аллакай об шудаанд», — навишта буд Маркази иттилооти СММ пас аз сафари Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон.

Тибқи маълумоти ВАО, аз рӯи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон, ки кишвари ҳассос бо иқтидори поёни мутобиқкунонӣ аст, дар байни 28 кишвари Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ аз рӯи индекси муҳосибавии осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим дар ҷойи аввал қарор дорад.

Аз ин хотир, масъалаи тағйирёбии иқлим, ки боиси обшавии босуръати пиряхҳо гардида, ба ҳаҷми оби дарёҳо ва ба ин васила, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад, мавриди таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон қарор дорад.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2017 Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлимро ба тасвиб расонид, ки он заминаи мустаҳкамеро барои иқдомҳои муштараки минбаъда дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим гузошт.

Зимнан, ин Созишнома, ки соли 2015 қабул гардид, дар самти ҳалли мушкилии тағйирёбии иқлим қадами муҳиме гузоштааст. Бино ба иттилои расмии СММ, ба ҳолати моҳи ноябри соли 2018 ба ин Созишнома, ки бо суръати рекордӣ ҳукми амал гирифт, зиёда аз 184 мамлакат ва Иттиҳоди Аврупо ҳамроҳ шуданд.

Ғайр аз ин, дар мамлакати мо барои пешгирии обшавии пиряхҳо ва кам гардидани офатҳои табиӣ корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, барои ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 қабул гардид. Бо мақсади  татбиқи барномаи мазкур дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба тадбиқи Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» нақшаи чорабиниҳо тасдиқ ва  амалӣ шуда истодааст.

Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми соли 2017 бо дарназардошти  аҳамияти миллӣ ва минтақавии омӯзиши пиряхҳо дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шуда, ҳоло дар он олимон ба корҳои омӯзишӣ машғуланд.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Май 15, 2019 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Австралия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасони то 16-сола манъ карда шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад
Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд
Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд