2019-2021 – СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ: Саврихоларо дар ноҳияи Файзобод ҳунармандӣ машҳур кардааст
ФАЙЗОБОД, 22.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Холаи Савриро дар маркази ноҳияи Файзобод ҳамчун дӯзандаи моҳир мешиносанд. Маҳсули ҳунараш зиннатбахши хонаи арӯсон буда, аксар вақт мардуми ноҳия кӯшиш мекунанд, ки гаҳвораҳои тифлакон бо кӯрпачаю дастбандак, болиштчаю гаҳворапӯшҳои зебои дӯхтаи ӯ ҷиҳозонида шаванд. Бонувону модарон куртаҳои миллии дӯхтаашро меписанданд ва бо камоли майл онҳоро ба бар мекунанд.
Саврӣ дар оила фарзанди ягона буд. Аз хурдӣ гирди модари дӯзандааш ва мошинаи дарздӯзии ӯ парвона буду дар пайравӣ ба духтарони қадраси деҳаашон гулдӯзӣ мекард. Солҳои пеш занону духтарон одате доштанд, ки то нимашаб якҷо нишаста, ба ҳунармандӣ машғул мегаштанд. Яке шерозаю чолбанд мебофту дигаре рӯймолчаи силсиладору миёнбанд, болишти гулдӯзӣ, қуроқдӯзию тоқидӯзӣ мекарданд. Чанд нафари дигар гирди сӯзании калони қаламзадагӣ нишаста сурудхонон гулдӯзӣ мекарданд. Саврӣ, ки зеҳни тез дошт, ин ҳунарҳоро ба хубӣ аз худ кард.
Дар хонаи шавҳар кору бори хонаро анҷом медоду назди хушдоманкалони ҳунармандаш–кампири Бибигул нишаста якҷоя дарздӯзӣ мекарданд. Дӯхтани либоси мардонаю ҷомаро аз хушдоманкалонаш ёд гирифт.
Шунид, ки келини ҳамсоя ҳунари зардӯзӣ дорад. Назди ӯ рафта ин ҳунари нозукро аз бар кард. Барои бонувони деҳаи Кабкрез куртаҳои шинам, тоқиву почаҳои зардӯзӣ медӯхт. Солҳост, ки аксарияти модарон барои ҷиҳози арӯсии духтаронашон ба Саврӣ муроҷиат мекунанд. Саврӣ бо дилу ҷон фармоишҳоро ба ҷо меорад, то зеби дасти ӯ дар хонаҳои арӯсон лоиқи таҳсин бошад.
Саврихола аз ҷумлаи фаъолзанони Ҷамоати шаҳраки Файзобод буда, дар чорабиниҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ иштирок мекунад.
«Вақтҳои охир тамошои зиёди филмҳои хориҷии ҳархела занону духтаронро аз ҳунарҳои занона дур кардааст. Хуб мешуд ба ҷойи то нимашаб тамошои филм, чун солҳои пешин бонувон якҷо нишаста, бо риштаҳои меҳру муҳаббат барои аз байн нарафтани ҳунарҳои аҷдодиамон гулдӯзию зардӯзӣ, дӯзандагию ҳунармандӣ меомӯхтанд. Дар ҳоле, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солхои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст. Имрӯз бо дастгирии Сарвари давлат барои ҳунармандон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст», — мегӯяд апаи Саврӣ.
«Шукронаи ҳунарам, ки барои таъминоти рӯзгорам мусоидат мекунад. Ба болои ин ҳунар ба инсон обрӯю эҳтиром мебахшад.Ҳоло тасмим гирифтаам, ки ҳунарамро ба бонувону духтарони хонашин омӯхта, кори савобро ба анҷом расонам»,- мегӯяд ин зани ҳунарманд.








Оид ба барномаи ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба брендикунонии ҷашни миллӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намояд
Доир ба нақши мероси тамаддунҳои бостонӣ дар ташаккули давлатҳои муосири миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе намоиши ҷойҳои кории холӣ ва имкониятҳои нави шуғл баргузор гардид
Дар Деҳлии Нав Саммити дуюми глобалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ идома дорад
Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ густариш меёбад
Фарҳод Раҳимӣ: «Паёми Президенти Тоҷикистон заминаи стратегии рушди иқтисодӣ ва худшиносии миллӣ аст»
Ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Дар Тоҷикистон Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода мешавад
Соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид
Президенти Тоҷикистон соли 2025-ро соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд
Аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад






