ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хоруғ нахустин меҳмонхонаи панҷошёна ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 07.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд.
Дар назар аст, ки давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд.
Дар ин раванд корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯз аз рӯз вусъати тоза касб менамоянд. Чанде пеш дар маркази вилоят-шаҳри Хоруғ бо ибтикори соҳибкорони ватанӣ нахустин меҳмонхонаи замонавии панҷошёна мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар доираи ободкориҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иқдоми соҳибкори ҷавон аз ноҳияи Шуғнон Шаҳбози Шозодаалишоҳ дар маркази вилоят-шаҳри Хоруғ меҳмонхонаи замонавии 5-ошёна бунёд гардид. Дар ҷараёни сохтмони бинои мазкур 60 нафар сокинони маҳаллӣ ба корҳои сохтмонӣ ҷалб карда шуда, он бо сифати баланд ва тарҳи муосир бунёд гардид.
Маблағи умумии сохтмони меҳмонхона 15 миллион сомониро ташкил дода, он аз ҳисоби даромади софи соҳибкори ватанӣ сарф гардид. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани он зиёда аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд, ки ин иқдоми шоиста барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум ва дастгирии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат мебошад.
Соҳибкорон аз ғамхориҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии соҳибкорони ватанӣ дар самти бунёди инфрасохтори сайёҳӣ изҳори сипосу қаноатмандӣ намуда, минбаъд низ саҳмгузорӣ дар вусъати корҳои ободониро ҳадафи аслии худ қарор додаанд.
Дар ошёнаи якуми меҳмонхона тарабхона ва қаҳвахона ҷойгир буда, барои мизоҷон мувофиқи табъ таомҳои миллию аврупоӣ омода карда мешаванд. Соҳибкор Шаҳбози Шозодаалишоҳ тасмим гирифтааст, ки дар доираи эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар дохили меҳмонхона утоқи намоиш ва мағозаи фурӯши ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода, ба ин восита дар муаррифии ҳунарҳои дастии ҳунармандони вилоят саҳм гузорад.
Дар дохили меҳмонхона 7 намуди ҳуҷраи хоб ҷойгир буда, мизоҷон метавонанд интихобан аз онҳо истифода баранд. Ба интихоби кормандон дар меҳмонхонаи мазкур диққати ҷиддӣ равона гардида, барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ мутахассисоне, ки дар кори меҳмонхонадорӣ таҷриба доранд, ба кор ҷалб гардидаанд. Бибимо Сафармамадова, ки дар меҳмонхонаҳои «Серена» ва «Ҳаятт Реҷенси»-и шаҳри Душанбе фаъолият намуда, дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон такмили ихтисос гузаштааст, имрӯз дар меҳмонхонаи нави шаҳри Хоруғ ба мизоҷон хизмат хоҳад намуд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки зимни ироаи Паёми навбатии худ Пешвои миллат таъкид доштанд, ки раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, рушди инфрасохтори деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо ин мақсад ҷалб намудани сармояи ватаниву хориҷӣ масъулияти бевосита дошта, бо ҷойи корӣ таъмин кардан ва соҳиби касбу ҳунар гардондани мардум низ муваззаф ҳастанд. Бо дарки ин масъулият роҳбарияти ВМКБ ва шаҳри Хоруғ ҷиҳати ба талаботи муосир мутобиқ намудани хизматрасонӣ дар инфрасохтори сайёҳӣ соҳибкорони маҳаллиро ба вусъати корҳои ободонӣ ҷалб месозанд.
Дар атрофи меҳмонхона ниҳолҳои сояфкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонда шуда, фаввора ва чароғҳои равшанидиҳанда намуди онро асосан шабона боз ҳам назаррабо нишон медиҳанд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов таъкид дошт, ки бунёду мавриди истифода қарор додани чунин биноҳои хуштарҳу замонавӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, гувоҳи саҳми соҳибкорони бонангу ватандӯст дар амалисозии яке аз ҳадафҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат-таъмини ҳаёти шоиста барои ҳар шаҳрванд аст. Зикр гардид, ки ҷавобан ба ҳама дастгириҳои Пешвои миллат дар самти рушди соҳибкорӣ дар раванди созандагии Ватан ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошаду соҳибкорони маҳаллӣ чунин иқдомҳои созандаро дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монанд.
Мавриди истифода қарор гирифтани чунин меҳмонхонаи муосир бо хизматрасонии сатҳи баланд аз як ҷониб, ба ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва аз ҷониби дигар, ба торафт ободу зебо гардидани як гӯшаи давлати соҳибистиқлоламон мусоидат менамояд.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ бунёд мегардад
ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН. Чӣ бояд кард, то дар бозорҳо анори тоҷикӣ фаровон гардад?
Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб навсозӣ мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат густариш меёбад
Данғара – Гулистон — аввалин роҳи мошингарди Тоҷикистон, ки бо тарҳи «роҳҳои сабз» навсозӣ мешавад
Беш аз 22 фоиз сармоягузории ба рушди Шабакаи нақлиётии АвруОсиё равонашуда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рост меояд
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мегардад
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш меёбад
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти энергияи барқароршаванда байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд
ИСЛОҲОТ ДАР НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ. Тоҷикистон фазои маъмуриро барои соҳибкорону сармоягузорон мусоидтар намуд
Дар шаҳри Турсунзода бинои нави Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон кадом бахши кишоварзӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ пурра озод мебошад?






