ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Айнӣ варзишгоҳ ва Боғи Парчами давлатӣ бунёд мегардад

Май 17, 2019 15:12

ДУШАНБЕ, 17.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд.

Дар назар аст, ки давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, ҳаммом, сартарошхона,  кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд.

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд сохтмони як зумра  иншооти муҳими иҷтимоӣ ҷараён дорад, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо даҳҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, симои ноҳия низ дигаргун хоҳад шуд. Варзишгоҳи марказии ноҳия ва Боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин иншоотест, ки имрӯзҳо сохтмонашон бо маром идома дорад.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти  Суғд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, варзишгоҳи марказии ноҳияи Айнӣ бо 6000 ҷойи нишаст бунёд гардида, то имрӯз бист дарсади корҳои сохтмонӣ ба итмом расидааст. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асоси  вилояти Суғд буда, корҳои сохтмону васлкуниро бунёдкорони «ПМК-278» ба иҷро мерасонанд.

Боғи Парчами давлатӣ дар шафати варзишгоҳ сохта шуда, дар он барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Ҷараёни корҳои сохтмони бинои нави мактаби деҳаи Зерободи Ҷамоати деҳоти Дар-Дар низ бо маром ҷараён дорад. Бинои нави таълимӣ барои таҳсили 620 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз се ошёнаву таҳхона ва 24 синфхона иборат аст.

Ба иттилои манбаъ, сохтмончиёни «Тоҷикэлитсохтмон»  то имрӯз сӣ дарсади корҳоро ба анҷом расонидаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 15 май дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Айнӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагии ноҳия  шинос гардида, бо роҳбарони корхонаҳои саноатии ноҳия  мулоқот кард. Дар мулоқот инчунин амалисозии лоиҳаи маҷмааи меҳмонхонаҳо, ки бунёди он бо саҳми корхонаҳои ноҳия дар назар дошта шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маҷмааи меҳмонхонаҳо дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ бо мақсади фароҳамсозии шароити мусоид барои истироҳату фароғати сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва рушди гардишгарӣ қомат хоҳад афрохт.

Май 17, 2019 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад