«Дасти булӯрин»-и Пайрав Сулаймонӣ бо забонҳои тоҷикию русӣ аз чоп баромад
ДУШАНБЕ, 31.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Дасти булӯрин» бо чунин ном дар зодгоҳи Сергей Есенин маҷмӯаи ашъори лирикии Пайрав Сулаймонӣ бо забонҳои тоҷикию русӣ аз чоп баромад.
Маҷмӯа бо ибтикори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди адабии Садриддин Айнӣ ба муносибати 120-солагии шоири шаҳир Отаҷон Пайрав Сулаймонӣ дар шаҳри Рязани Федератсияи Россия ба табъ расонида шуд. Дар ин китоб асосан ашъори лирикии адиби навовар, ки бозтобдиҳандаи ҳунари шоирӣ ва тозакориҳои ӯст, гирд оварда шудааст.
Ба китоб муовини сармуҳаррири Маркази тарҷумаи бадеӣ дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сарсухан навистааст.
Маҷмӯаи “Дасти булӯрин”-ро рассомони хушсалиқа набера ва абераи Пайрав Сулаймонӣ- Сулаймон Шарифӣ ва Озар Шарифӣ оро додаанд.
Набераи дигари шоир- Камол Обидӣ яке аз мураттибони маҷмӯа аст.
Устод Садриддин Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» (солҳои 1926) се шеъри Пайравро оварда, чунин шарҳ додааст: «Пайрав ошиқ аст, шеърҳои ошиқонаро аз мағзи ҷон месарояд… ашъори инқилобӣ низ иншод кардааст…»
Пайрав осори Маяковскый, Серафимович, Жаров, Фурманов ва дигар адибони русро ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст ва дар поягузории робитаҳои адабии халқҳои тоҷику рус саҳм гирифтааст.
Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»








Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд






