5 нафар иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қадрдонӣ шуданд

Май 7, 2019 14:47

ХУҶАНД, 07.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Соли равон ба ғалабаи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм, ки ҳамасола 9 май чун Рӯзи Ғалаба таҷлил мегардад, 74 сол пур мешавад. Аз ин лиҳоз бахшида ба ин сана ва пос доштани хотираи ин абармардони майдони ҷанг дар манотиқи гуногуни мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тайи ҳафтаи аввали моҳи май барномаҳои мухталиф ва аёдати ин мардони далер доир гардида истодааст.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Дадабоев роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Акбар Юсуфӣ иттилоъ дод, ҳоло дар ноҳия 5 нафар иштирокчиёни набардҳои солҳои 1941-1945 иқомат доранд. Онҳо ҳамарӯза аз дастгириву кумаки Сарвари давлат ва мақомоти вилоятиву ноҳиявӣ бархӯрдоранд.

Аз ҷумла, дирӯз дар доираи баргузории чорабиниҳои Ҳафтаи поси хотир ба 5 нафар иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кумаки яквақтаи Пешвои миллат супорида шуд.

Аз ҷумла, сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Давлатзода иштирокчиёнро аз номи Президенти мамлакат табрик намуда, бо орзуи бардамию сиҳатмандӣ ба онҳо туҳфаҳои идона супорид.

Инчунин раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ ин абармардони Ватанро табрик намуда, ба онҳо кумаки яквақтаи Раиси вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро тақдим намуд.

Ииштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ — Абдуҳамид Юлдошев, Эшбой Умурзоқов,  Аҳмадҷон Ҳобилов,  Шарифҷон Ғафуров ва Абдулло Исмоилов  барои ғамхориҳои доимии давлату Ҳукумат дуои нек намуданд.

Май 7, 2019 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд