Ба мавқеи фаъоли Тоҷикистон оид ба масъалаи баробарии гендерӣ баҳои баланд дода шуд

Май 10, 2019 13:27

ДУШАНБЕ, 10.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи баробарии гендерӣ ва ҳуқуқу имкониятҳои занон зимни мулоқоти муовини раиси  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Маҳмадзода бо ҳайати сохтори Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ, густариши ҳуқуқҳо ва имкониятҳои занон баррасӣ гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни мулоқот нақши занон дар рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, густариши ҳуқуқҳо ва имкониятҳои онҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҷамшед Маҳмадзода дар бораи талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини баробарии гендерӣ сухан карда, гуфт: «Яке аз ҳадафҳои аввлиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шуғл таъмин намудани занон мебошад, ки он ҳамчун шарти аслии беҳбуди шароити иқтисодӣ ва мухторияти онҳост».

Ҳайати намояндагони СММ ба талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди баробариҳои гендерӣ ва мавқеи фаъолонаи мамлакат дар ин созмони ҷаҳонӣ оид ба ин масъала баҳои баланд доданд.

Май 10, 2019 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд