Бо иштироки доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Назир Азимзода дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон муҳтавои Паёми Пешвои миллат баррасӣ гардид

Май 22, 2019 13:28

ДУШАНБЕ, 22.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади фаҳмонидани мазмуну муҳтавои Паёми имсолаи  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯз мулоқоти доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Назир Азимзода бо кормандони  Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон   баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Н.Азимзода  самтҳои  асосии Паёми навбатии Сарвари давлатро шарҳ дода,  дар ин бора ибрози назар кард. Профессор, аз ҷумла  иттилоъ дод,  ки дар 27 соли соҳибистиқлолӣ ин 22-юмин Паёми Пешвои миллат мебошад, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод мегардад.

«Паёми Пешвои миллат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ  ва хориҷии мамлакатро  дар бар гирифта,  моро вазифадор  менамояд, ки  ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат кӯшиши зиёд  ба харҷ диҳем. Дар ҳақиқат, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми мантиқии паёмҳои қаблӣ буда, дастовардҳои мамлакатро дар солҳои сипаригашта ва солҳои минбаъда инъикос менамояд»,- гуфт  номбурда.

Мавсуф  таваҷҷуҳи ҳозиринро ба вазъи мураккаби ҷаҳони муосир равона намуда, зикр намуд, ки соли дуввум аст, ки Сарвари давлат  зимни пешниҳоди Паём ба масъалаи терроризму  ифротгароӣ  таваҷҷуҳи махсус  зоҳир менамоянд. Зеро  ифротгароию терроризм  зуҳуроти нангину даҳшатнок маҳсуб ёфта, ба таври бояду шояд ба эътибор нагирифтани онҳо метавонад боиси нигаронии зиёд дар ҷомеа гардад. Аз ин рӯ, мебояд ба масъалаҳои баланд бардоштани дониши сиёсии ҷавонон, тарбияи ҳисси ватанпарастии насли имрӯза диққати махсус  зоҳир намуд. Чунки  имрӯз  бисёр муҳим аст, ки ҷавонон зираку ҳушёр  ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ  тарбия гиранд ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик омода бошанд.

 

Май 22, 2019 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд