Дар Душанбе масоили марбут ба муҳоҷират ва кумак ба гурезагон матраҳ мешавад

Май 14, 2019 13:24

ДУШАНБЕ, 14.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Душанбе тайи ду рӯз -14-15 майи соли равон мизбони нишасти дувуми Гурӯҳи коршиносони техникии Раванди Алмаато, як ибтикори минтақавии байнидавлатии марбут ба муҳоҷират мегардад. Намояндагони мақомоти марбута аз Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия ва Ӯзбекистон, ҳамчунин коршиносони Созмони Милали Муттаҳид дар ин нишаст иштирок карда, доир ба масоили муҳоҷират ва мушкилоти ҳимояи гурезагон дар Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ҳаммарз муколама ва табодули иттилоот мекунанд.

Мусаллам аст, ки раванди Алмаато доир ба ҳимояи гурезаҳо ва муҳоҷирати байналмилалӣ як пойгоҳи минтақавии машваратӣ аст, ки  ки чолишҳои муҳоҷират дар минтақаро бо роҳи ҳамкорӣ баррасӣ менамояд. Нишасти мазкур дуюмин чорабинии ин ибтикор дар се моҳи ахир аст, ки зери Раёсати Тоҷикистон баргузор мегардад. Тоҷикистон Раёсати Раванди Алмааторо барои солҳои 2019-2020 ба дӯш дорад.

Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Туркия ва Туркманистон аъзои Раванди Алмаато буда, Эрон ва Покистон дар он нозир мебошанд. Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират (СБМ) ва Намояндагии  Раёсати Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон – Оҷонси СММ доир ба паноҳандагон (UNHCR) аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба Раванди Алмаато кумаки техникӣ ва коршиносона мерасонанд.

Сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Саидасрор Саидов мегӯяд: «Муҳоҷират падидаи зудтағйирёбанда буда, Раванди Алмаато пойгоҳи дурусте барои баррасии вокуниши мо ба чолишҳои нав мебошад».

Вито Трани, намояндаи UNHCR дар Тоҷикистон бар он назар аст, ки «кишварҳо мухторият ва ҳақ доранд, то марзҳои худро назорат намуда, шароити вуруд ва будубоши ҳар касеро дар ҳудудашон муайян кунанд. Дар баробари он, асосҳои башардӯстонаи ҳимояи афроди ниёзманд бояд аз мадди назар дур намонад. Уҳдадориҳои давлатҳо ҷиҳати мудирияти муассири ҷараёнҳои муҳоҷират ва фазои инсондӯстонаи ёрӣ ба фирориён аввалиндараҷа мебошанд».

Раёсати Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон – Оҷонси СММ доир ба паноҳандагон (UNHCR) дар нишаст таҷрибаҳои қонунгузориҳои кишварҳои Осиёи Марказиро дар самти танзими масоили марбут ба гурезагон ва муҳоҷирон муаррифӣ карда,  ҳамчунин доир ба Ҳамоиши ҷаҳонӣ вобаста ба масоили гурезагон, ки моҳи декабри соли равон дар Женева дар сатҳи вазирон баргузор хоҳад шуд, маълумот медиҳад. Низоми сабти вазъ ва ҳузури муҳоҷирон дар кишварҳои узви Раванди Алмаато низ аз ҷониби намояндагони давлатҳои узв муаррифӣ мешавад.

Кристина Транка, Роҳбари дафтари СБМ дар Тоҷикистон мегӯяд: «Раванди Алмаато коршиносони соҳаи муҳоҷиратро ба ҳам меорад, то онҳо муштаракан барои пешбурди муҳоҷирати амн иқдом намоянд. Дар ин нишаст СБМ Торнамои ҷаҳонӣ доир ба муҳоҷират ва индикаторҳои мудирияти муҳоҷираташро муаррифӣ карда, доир ба ибтикори нави тадқиқотие дар мавзӯи муҳоҷирати ҷавонон аз Осиёи Марказӣ маълумот медиҳад».

Нишасти дувуми Гурӯҳи коршиносони фаннии Раванди Алмаато дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Барномаи минтақавии муҳоҷират дар Осиё» баргузор мешавад, ки он аз ҷониби Дафтари Департаменти давлатии ИМА доир ба аҳолӣ, паноҳандагон ва муҳоҷират (PRM USA) маблағгузорӣ мешавад.

Май 14, 2019 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 6260 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид