Дар Душанбе роҳпаймоии ҷавонон ва барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ доир гардид

Май 24, 2019 10:31

ДУШАНБЕ, 24.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар майдони «800-солагии Москва»  роҳпаймоӣ ва ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат» баргузор гардид.

Дар он беш аз 6 ҳазор нафар ҷавонони касбу кори гуногун,  намояндагони маҳфили  «Пайравони Пешвои миллат» аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва  гирандагони стипендияҳои президентӣ   бо шиору овезаҳо  иштирок намуданд.

Ҳамчунин нимаи дуюми ҳамин рӯз, 23 май дар  «Кохи Суруш» таҳти унвони «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон!» барномаи идонаи фарҳангӣ- фароғатӣ  баргузор гардид.

Барномаи  мазкурро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ифтитоҳ намуда,  ҳозиринро бо Рӯзи  ҷавонон табрик намуд. Номбурда  зикр кард, ки «боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок намуда, дар муаррифии давлат ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон нақши шоиста мегузоранд. Аксари  ҷавонони мо бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ, донишу малакаи муосир ва хислатҳои ҳамидае, ки хоси миллати қадимаи мо мебошад, Тоҷикистонро  минбаъд низ  дар ақсои олам  ба таври шоиста муаррифӣ  хоҳанд кард».

А.Абдуллозода ҳамчунин иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитро барои насли имрӯза ҷиҳати зиндагиву фаъолияти шоиста муҳайё сохтаанд. Имтиёзҳо дар таҳсил, кору фаъолият, дастовардҳои илмию варзишӣ ва монанди инҳо аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри фаъоли ҷомеа маҳсуб мешаванд.

     «Имрӯз Ҳукумати мамлакат ба нерӯи тавонои ҷавонон эътимод дошта, пешниҳоду ибтикороти онҳоро дастгирӣ менамояд ва ҷиҳати ҳавасманд гардонидан, муҳайё сохтани шароити хуби зиндагӣ ва таҳсил барои онҳо ҳамаи тадбирҳои зарурӣ  роҳандозӣ мегардад»,- гуфт Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.

Барномаи фарҳангӣ-фароғатиро ҳунарнамоии  санъаткорони шинохтаи ҷумҳурӣ: Шуҳрат Сайнаков, Ситораи Кароматулло, Шаҳроми Абубакр, Ҷамшед Исмоилов, Суруш Холов, Мадина Ҳақназарова, Нишонаи Рустам, Иззат Шарифӣ, Хайриддини  Шариф, Қурбон Алиев, Комилҷон Зарипов, дигар  ҷавонони соҳибистеъдод ва ансамблҳои рақсӣ  идома бахшида,  бо суруду таронаҳои дилнишин  ва рақсҳои ҷолиб   хотири иштирокдоронро болида гардониданд.

Бояд гуфт, ки Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  дар  сатҳи баланд таҷлил шуда, мақсад аз баргузор намудани барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ  ва роҳпаймоӣ ба ҳам овардани ҷавонон мебошад.

Май 24, 2019 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд