Дар корхонаҳои соҳаи саноати сабуки Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот меафзояд

Май 21, 2019 08:18

ДУШАНБЕ,  21.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои соҳаи саноати сабуки ҷумҳурӣ  ба маблағи 373,1 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50,7 млн сомонӣ зиёд буда, нақшаи пешбинишуда  115,7 фоиз таъмин шуд.

Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар моҳҳои январ-апрели соли 2019 корхонаҳои соҳа 7797,5 тонна риштаи пахтагин, 3327,5 ҳазор метри мураббаъ матоъҳои пахтагин, аз ҳисоби корхонаю марказҳо 49,8 ҳазор метри мураббаъ матои адрас, 6,6 ҳазор метри мураббаъ  матои атлас, 77,7 млн. сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, ба маблағи 15,6 млн. сомонӣ мебел, 1368 ҳазор метри мураббаъ қолин, 2253,3 ҳазор ҷуфт ҷӯроб, 336,5 ҳазор ҷуфт пойафзолҳои гуногун истеҳсол намудаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 зиёд мебошад.

Инчунин коркарди пӯст дар ин давра 147593 донаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 321 дона зиёд аст.

Ба иттилои манбаъ, дар корхонаҳои соҳа истеҳсоли маҳсулоти зерини ивазкунандаи воридот, аз ҷумла маҳсулоти дӯзандагӣ (либосҳои низомӣ, кории махсус, мактабӣ, варзишӣ, кимоно, барои ҳоҷиён, рахти хоб, ҷиҳози нарм, парчам, чарчинворӣ, барои кӯдакони навзод ва маҳсулоти ҳунарҳои нафисаи мардумӣ) ҷӯроб, қолин, мебел, пахтаҳои тиббӣ ва халта муайян гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он тадбирҳои зарурӣ андешида  мешаванд.

Дар ин давра номгӯи нави маҳсулот, ки ивазкунандаи воридот ба шумор мераванд, аз ҷумла уребча, гирдакҳои пахтагин, чӯбчаҳои нафис, пахтаи тиббӣ, риштаи полипропиленӣ ва матои абрешими надофӣ дар корхонаҳои соҳа истеҳсол шуда, дар ҳисоботи оморӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 15 марти соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми корхонаи мебелсозии ҶДММ «Бисот» дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд.

Корхонаи мазкур ба истеҳсоли мизу курсиҳо барои хона ва муассисаҳои таълимӣ, мебел барои коргоҳу ошхона,  манзилҳои истиқоматӣ ва дарҳои байниҳуҷравӣ машғул мебошад. Дар ин корхона дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз давлатҳои Олмон ва Италия ворид карда шуда, зиёда аз 80 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

 

Май 21, 2019 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон дар самти гузариш ба энергетикаи «сабз» саъю талоши пайваста менамояд
4 ОКТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот муайян гардидааст
Тоҷикистон ба панҷгонаи давлатҳои бештар осебпазир аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим дохил мегардад
Тоҷикистон ҳамкориро бо Қирғизистон ва Русия дар самти муқовимат ба коррупсия густариш медиҳад
Раёсат дар Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи ИДМ аз Тоҷикистон ба Арманистон гузашт
Масоили муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Дар Остона таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
Дар Душанбе масъалаи ҷамъоварии омори тандурустӣ дар доираи стандартҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TAJBUILD» ба анҷом мерасад
14-16 октябр Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest-2025» баргузор мешавад
Роҳҳои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон ва Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ва IRENA дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҳамкориро густариш медиҳанд