Дар маҳфили «Ганҷи сухан» аз Аминҷон Шукӯҳӣ ёд карданд
ДУШАНБЕ, 02.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Нишасти 172-юмини маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан», ки дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, адибону олимон, омӯзгорони забон ва адабиёти мактабҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мухлисони каломи бадеъро ба ҳам овард. Маҳфил бо силсилаи сурудҳои сарояндагони ноҳия бар матни устод Аминҷон Шукӯҳӣ оғоз ёфт, ки матлаи зебои маҳфил гардид. Роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов гуфт, ки бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нишасти маҳфил ин дафъа дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор мегардад. Шоири Халқии Тоҷикистон устод Аминҷон Шукӯҳӣ зодаи ҳамин деҳа аст ва аҳли маҳфил аз рӯзгору ашъори ин шоири номвар ёд мекунанд.
Шавкат Шарифов, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар маърӯзаи худ «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар худшиносии миллии ҷомеа» оид ба ташаббусҳо, кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат дар густариши ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстии ҷомеа бо санадҳои мушахас ва собит ибрози назар намуд. Дар меҳвари суҳбати муҳаққиқ мавзӯи хидмат ба Ватан, ҳифзи марзу бум, тарбияи наврасон ва ҷавонони шоистаи халқу миллат қарор дошт.
Доктори илмҳои филология, профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Неъматҷон Файзуллоев дар мавзӯи «Аминҷон Шукӯҳӣ–шоири тавонои тоҷик» суҳбати муфассал ва пурмӯҳтаво баргузор кард. Аз ҷумла, зикр намуд, ки устод Аминҷон Шукӯҳӣ зодаи деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, баъди хатми курси муаллимтайёркунӣ дар мактабҳои ноҳия омӯзгорӣ кардааст. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар мақомоти умури дохила хидмат кардааст. Солҳои 1947-1952 мудири шуъба, котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» будааст. Соли 1955 факултаи рӯзноманигории Мактаби олии ҳизбии назди КМ КПСС-ро ба поён расонда, муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (имрӯза «Ҷумҳурият») таъйин шудааст. Солҳои 1961-1967 дар вазифаҳои котиб ва ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият бурда, сипас, то охири умр раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ будааст. Нахустин шеъраш соли 1942 дар газетаи «Стахановчӣ» ба табъ расидааст.
Аввалин маҷмӯаи шеърҳояш «Суруди чашмасор» соли 1948 чоп шудааст, ки аз эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ошиқонаи шоири навқалам дарак медоданд ва бо забони содаю равонашон ҷозиб буданд.
Ҳамин хусусиятҳо дар ашъори маҷмӯаҳои «Ватани сулҳ» (1952), «Рӯзҳои мо» (1954-1955), «Садои дил» (1956), достони «Кӯчабоғи ошиқон» (1962), силсилаи шеърҳои «Муҳаббат ва оила» (1962), «Нафаси гарм» (1964), «Арзи қалам (1971), китоби дубайтию рубоиҳои «Чормағз» (1973) ва ғ. боз ҳам тақвият ёфта, шуҳрату маҳбубияти муаллифро дар миёни мардуму аҳли қалам таъмин доштаанд. Баргузидаҳои ашъори муаллиф баъди сараш дар гулчину маҷмӯаҳои «Кӯчабоғи ошиқон», (1984), «Шохаи райҳон» (2003) ва «Баргҳои тиллоӣ» (2014) ба табъ расидаанд.
Барандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1965) буда, бо ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» ва як «Нишони фахрӣ» мукофотонида шудааст. Соли 1994 сазовори унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон (пас аз маргаш) гардидааст.
Нависандаи номвари тоҷик Маъруф Бобоҷон, ки аз шогирдону ҳамкорони устод Аминҷон Шукӯҳӣ ба шумор меравад, хотираҳои рӯшани замони шогирдиву ҳамкориашро барои ҳозирон нақл кард. Нависанда аз сифатҳои фардии устод Аминҷон Шукӯҳӣ, аз ҷумла ватандӯстиву фидокорӣ, меҳнатпарвариву ташаббускорӣ ва монанди инҳо ёд карда, гуфт, ки мавсуф нисбат ба шогирдону ҳамкорон ғамхор ва хайрхоҳ буд.
Дар идомаи маҳфил як базми хосаи шеъри шоирро таҳти унвони «Шоири дилу дида» ғолибони «Озмуни Шукӯҳихонӣ», ки ҳамасола бо ташаббуси Китобхонаи вилоятии бачагона ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ баргузор мегардад, гарм намуданд.
Башорат АЛИЕВА,
устоди ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров








Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд






