Дар Норак доир ба пешгирии ифротгароӣ ҳамоиши васеъ баргузор гардид

Май 10, 2019 09:24

НОРАК, 10.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади  иҷрои Фармони  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  муқовимат  ба  экстремизм  ва  терроризм  барои  солҳои  2016-2020»,  пешгирии шомил  гардидани  муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу  ҳаракатҳои  бегона,  таъмини  нақшаи  сафарбар  намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Норак  бо иштироки намояндагони ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, фаъолон ва роҳбарони корхонаҳою муассисаҳои таълимиву фарҳангии шаҳр ҳамоиши васеъ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад раиси шаҳри Норак Фатҳулло Ҳурматзода, комиссари ҳарбии шаҳр Сироҷиддин Абдуллоев ва сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сухан гуфта, оид ба сабабу шароити шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона, хатари терроризм ва экстремизм ба амнияти Тоҷикистон ва ҷаҳон, таҳти назорат қарор додани рафтуомади муҳоҷирони меҳнатии мавсимӣ, ҳамзамон дар рӯҳияи ифтихори миллию ватанпарастӣ тарбия намудани насли наврас, таҳкими ваҳдату ягонагӣ, тинҷиву оромӣ дар мамлакат  ибрози назар карданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш раиси шаҳр аз фаъолон хоҳиш намуд, ки баҳри пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуб дар ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  робитаро пурзӯр намуда,  вазифаи хизматиро дар назди ҷомеа софдилона иҷро намоянд.

Май 10, 2019 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд