Дар вилояти Хатлон ба 86 нафар иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кумаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд

Май 9, 2019 09:03

ДУШАНБЕ, 09.05.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Рӯзи Ғалаба бо қарори Раиси вилояти Хатлон  ба 86 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии   вилоят  кумаки яквақтаинаи молиявӣ тақдим гардид.

Тавре аз  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, дар асоси ин қарор  129000 сомонӣ ҷудо гардид, ки аз тарафи намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҳар кадом собиқадорони ҷанг  1500 сомонӣ  дастрас карда шуд.

Ҳамчунин бахшида ба ин рӯз   кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» дар ҳамкорӣ бо хонандагон ва омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 вохӯрии хонандагонро бо ҷанговарони башардӯст таҳти унвони «Ёде аз гузашта» баргузор намуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ иштирокдорон аз хотироти хеш ёдовар гашта, барои баргузории чунин ҳамоиши гарм изҳори миннатдорӣ намудаанд.

Саодат Абдуллоева, муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» меҳмонон, омӯзгорон ва хонандагонро бо санаи муҳими таърихӣ- Рӯзи Ғалаба табрик гуфт. Дар фарҷом меҳмонон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Май 9, 2019 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн