Доналд Туск, Президенти Шӯрои Аврупо: «Тоҷикистон барои Иттиҳоди Аврупо шарики муҳим мебошад»
ДУШАНБЕ, 30.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон барои Иттиҳоди Аврупо шарики муҳим ва стратегӣ боқӣ мемонад», — таъкид намуд имрӯз Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск дар нишасти матбуотӣ пас аз анҷоми мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфти Доналд Туск, Иттиҳоди Аврупо имрӯз омодааст, ки барои дастрасии Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупо кӯмак намуда, шароити зарурӣ фароҳам орад.
«Сафари ман пас аз қабул шудани стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гаштаистодааст. Президенти аввалини Шӯрои Аврупо мебошам, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорам ва ин нишондиҳанди ҷонибдории ҳамкориҳои қавӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон мебошад»,- гуфт Доналд Туск.
Президенти Шӯрои Аврупо таъкид намуд, ки ҷойгиршавии минтақавии Тоҷикистон аз нуқтаи стратегӣ муҳим буда, он нақше, ки Тоҷикистон байни Аврупо ва Осиё мебозад барои шарикии замонавӣ роҳҳои навро боз мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск рӯзҳои 29-30 майи соли ҷори бо сафраи расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар доири сафараш аз кӯли Сарез ва ноҳияи Дарвоз низ дидан намуд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






