«Фурӯғи субҳи доноӣ…». Ба 26 мактаби Хуҷанд китобҳои таълимию бадеӣ бо се забон тақдим гардиданд

Май 14, 2019 16:07

ХУҶАНД, 14.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, хосатан толибилмон роҳандозӣ гардида истодааст, дар муассисаҳои таълимӣ барномаҳои мухталиф ҷараён доранд.

Аз ҷумла, дирӯз  дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№27-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд  дар доираи лоиҳаи ташкилоти ЮСАИД таҳти унвони «Дар олами афсонаҳо» бо иштироки хонандагони синфҳои ибтидоӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, дар доираи барнома  хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва тарбиятгирандагони Маркази инкишофи кӯдакони муассисаи таълимии мазкур ба иштирокдорон хондану маънидод намудани афсонаҳои халқиро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо маҳорати баланд манзур намуданд. Ҳамчунин афсонаҳоро бо навори филми тасвирӣ чун муаррифинома нишон дода, шеъру сурудҳо низ қироат карданд.

Меҳмонони барнома, аз ҷумла намояндагони лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем»-и ЮСАИД дар Хуҷанд сатҳи баланди ташкили барномаро тавсиф карда, онро намунаи ибрат барои дигар муассисаҳои таълимии шаҳр унвон намуданд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки дар доираи лоиҳаи мазкур ба 26 муассисаи таълимии шаҳри Хуҷанд беш аз 140-ададӣ китобҳои таълимию бадеӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ройгон тақдим карда шуда, ташкилоти мазкур барои бозомӯзии омӯзгорон низ саҳмгузорӣ намуда истодааст.

Намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр ва масъулини мактаби мазкур баён доштанд, ки ҳадафи баргузории барномаи мазкур, пеш аз ҳама, ҷалб намудани хонандагон ба мутолиаи китобҳои бадеӣ, бахусус мутолиаи афсонаҳо мебошад. Зеро хондани китобҳои бадеӣ сатҳи саводнокӣ, инкишофи фикрронӣ ва маҳорати забондонии  толибилмонро афзун намуда, дар ташаккули шахсият ва васеъ гардонидани ҷаҳонбинии онҳо нақши муҳим мебозад.

Аз ҷумла, мустақилона мутолиа намудани китобҳои бадеӣ аз ҷониби  хонандагони хурдсол ба васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ, тараққиёти шуур ва бою пурмазмун гардидани тасаввуроти онҳо оид ба зиндагӣ мусоидат хоҳад кард.

Май 14, 2019 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр Фестивали 13-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид