ФУТБОЛ: ҳарифони дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола ва ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон муайян шуданд

Май 10, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 10.05.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дастаҳои  мунтахаби наврасони то 16-сола ва 19-солаи Тоҷикистон дирӯз баъди қуръакашӣ, ки  дар шаҳри Куала – Лумпури Малайзия баргузор гардид, ҳарифони худро дар бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020 шинохтанд. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-сола дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Урдун, Непал Шри –Ланка ва  Кувайт қувва месанҷанд. Бозиҳо дар мамлакати Урдун аз 14 то 22 сентябри соли равон гузаронида мешаванд.

Дар бозиҳои интихобии ин мусобиқа 47 дастаи қораи Осиё ширкат меварзанд, ки ба 11 гурӯҳ тақсим шудаанд. Аз Осиёи Ғарбӣ 6 ва аз Осиёи Шарқӣ 5 гурӯҳ таркиб ёфтаанд.

Тибқи низомномаи мусобиқа, 11 ғолиб ва  4 дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат мегиранд.

То кунун макони баргузории бозиҳо интихоб нашудаанд. Дар сурати ба бозиҳои финалӣ роҳхат гирифтани давлате, ки макони баргузории бозиҳои ниҳоӣ интихоб мешавад,  дастаи панҷуми беҳтарини ҷои дуввум ҳуқуқ пайдо мекунад, ки дар бозиҳои финалӣ  ширкат кунад.

Қуръакашӣ дастаҳои мунтахаби то 16-солаи Осиёро чунин тақсим кард:

Осиёи Ғарбӣ

Гурӯҳи «А»: Тоҷикистон, Урдун (мизбон), Непал, Шри-Ланка, Кувайт.

Гурӯҳи «В»: Ҳиндустон, Ӯзбекистон (мизбон), Баҳрайн, Туркманистон.

Гурӯҳи «С»: Эрон (мизбон), Афғонистон, Фаластин, Малдив.

Гурӯҳи «D»: Уммон, Арабистони Саудӣ (мизбон), Сурия, Покистон.

Гурӯҳи «Е»: Яман, Бангладеш, Катар (мизбон), Бутан.

Гурӯҳи «F»: Ироқ, Қирғизистон (мизбон), Лубнон, АМА.

Осиёи Шарқӣ

Гурӯҳи «G»: Индонезия (мизбон), Чин, Бруней, Филиппин, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ.

Гурӯҳи «Н»: Австралия, Ветнам (мизбон), Тимори Шарқӣ, Муғулистон, Макао.

Гурӯҳи «I»: Кореяи Шимолӣ, Гон-Конг, Сингапур (мизбон), Гуам.

Гурӯҳи «J»: Япония, Малайзия, Камбоҷа, Лаос (мизбон).

Гурӯҳи «К»:  КореяиҶанубӣ, Таиланд, Мянма (мизбон), Тайбэйи Чин.

Дастаи мунтахаби то 19-солаи Тоҷикистон дар натиҷаи  ин қуръакашиҳо ба гурӯҳи «С» шомил шуд ва бо дастаҳои мунтахаби Сурия, Лубнон ва Малдив дар шаҳри Душанбе аз 6 то 10 ноябр қувва месанҷад.

Дар ин баробар дар бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё байни дастаҳои мунтахаби то 19-сола 46 даста ширкат меварзанд ва низомномаашон мисли дастаҳои мунтахаби навтасони то 16-сола аст.

Қуракашӣ дастаҳои мунтахаби то 19-солаи Осиёро чунин тақсим кард:

Осиёи Ғарбӣ

Гурӯҳи «А»: Ироқ (мизбон), Уммон, Фалестин, Кувайт, Покистон.

Гурӯҳи «В»: Қатар (мизбон), Яман, Туркманистон, Шри-Ланка.

Гурӯҳи «С»: Тоҷикистон (мизбон), Сурия, Лубнон,  Малдив.

Гурӯҳи «D»: АМА, Эрон (мизбон), Қирғизистон,  Непал.

Гурӯҳи «Е»: Урдун, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Бутан.

Гурӯҳи «F»: Арабистони Саудӣ  (мизбон), Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Афғонистон.

Осиёи Шарқӣ

Гурӯҳи «G»: Таиланд, Малайзия, Камбодҷа (мизбон), Бруней, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ.

Гурӯҳи «Н»: Австралия, Тайбэйи Чин (мизбон), Макао, Лаос.

Гурӯҳи «I»:  Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Мьянма (мизбон), Сингапур.

Гурӯҳи «J»: Япония, Ветнам (мизбон), Муғулистон, Гуам.

Гурӯҳи «К»: Индонезия (мизбон), Кореяи Шимолӣ, Гон-Конг, Тимори Шарқӣ.

Май 10, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. 5 феврал қуръакашии тақвими чемпионати Тоҷикистон-2026 баргузор мешавад
Варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг 22 медал ба даст оварданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол бо ҳамтоёнаш аз Ҳиндустон бозии дӯстона анҷом дод
Шаҳром Самиев фаъолияташро дар бошгоҳи футболи «Ал-Карма»-и Ироқ идома медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 446 медал ба даст оварданд
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2026 ба анҷом расонид
Дар Клуби марказии варзишии Артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дастаи занона таъсис ёфт
Пагоҳ дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дуюми худро анҷом дод
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ФУТЗАЛИ ОСИЁ-2026. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Узбекистон мусовӣ анҷом ёфт