ФУТБОЛ: то анҷоми марҳилаи аввали бозиҳо дар Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон як даври дигар боқӣ монд
ДУШАНБЕ, 13.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. То анҷоми марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ як даври дигар боқӣ монд. Дар вохӯриҳои даври шашум, ки рӯзҳои истироҳатӣ ҷамъбаст гардиданд, «Кӯктош» — и ноҳияи Рӯдакӣ баъди ғалаба бар «Хатлон» бо натиҷаи 2:0 мавқеашро дар зинаи сеюм мустаҳкам кард. Дар ин баробар «Регар-ТадАЗ» дар майдонаш бо «Истаравшан» қувва озмуда, бо ҳисоби 0:0 бозиро анҷом дод. Ду бозии дигар-КМВА «Помир» бо «Истиқлол» 1:4 ва «Панҷшер» бо «Хуҷанд» 0:0 як рӯз пештар хотима ёфтанд. Аловиддин БӮРИЕВ шарҳ медиҳад.
Даври шашуми Чемпионати мамлакатро 16 200 тамошобин дар варзишгоҳҳо тамошо намуданд. Аз ҳама зиёд мухлисон дар варзишгоҳи «Нефтянник»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар бозии байни дастаҳои «Кӯктош» ва «Хатлон» ҷамъ омаданд, ки 7 000 нафарро ташкил дод. Дар маҷмӯъ дар ин давр 7 тӯб ба дарвозаҳо зада шуд, ки ин нишондоди аз ҳама камтарин дар шаш даври Чемпионат мебошад. Доварон ба футболбозон 13 корти зард ва як корти сурх нишон доданд, ки ин нигаронкунанда аст. Пай дар пай дар ду вохӯрӣ ба футболбозони дастаи «Хатлон» кортҳои сурх нишон дода мешаванд. Дар вохӯрӣ бо дастаи «Кӯктош» Худойдод Узоқов аз майдон бо ҳамин ҷурм ронда шуд.
Баъди даври шашум соҳибони медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии мавсими соли 2018 «Истиқлол», «Хуҷанд» ва «Кӯктош» дар се зинаи аввал ҷойгир шудаанд.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 6
«Кӯктош» – «Хатлон» – 2:0
Голҳо: Муҳиддин Одилов, 25 (1:0). Меҳроҷиддин Музаффаров, 52 (2:0).
«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Беҳрӯз Хайриев, Аҳтам Холбоев, Принс Артур, Холмурод Назаров, Султоншо Мирзоев, Баҳром Уразов (Меҳроҷиддин Музаффаров, 46), Бунёд Шодиев (Азизбек Султонов, 80), Муҳиддин Одилов (Мунир Давлатбеков, 46), Саидмухтор Азимов, Мӯҳсин Абдуғаффоров, Амирҷон Сафаров.
«Хатлон» (Бохтар): Ҳомидҷон Исоқов, Муҳаммад Насков (Парвиз Ахунов, 60), Ҳусейн Нурматов, Алишер Баротов, Эраҷ Раҷабов, Умарҷон Шарифов, Алишер Салимов, Худойдод Узоқов, Кароматулло Саидов, Маҳмадалӣ Содиқов (Гурез Аслонов, 82), Нуриддин Ҳамрокулов.
Огоҳӣ: Холмурод Назаров, Бунёд Шодиев, Муҳиддин Одилов («Кӯктош»), Алишер Салимов, Ҳусейн Нурматов («Хатлон»).
Аз майдон ронда шуд: Худойдод Узоқов («Хатлон»), 69 – барои зарба задани ҳариф бо пой.
Бозингари беҳтарин: Меҳроҷиддин Музаффаров («Кӯктош»).
Довар дар майдон: Насрулло Кабиров (Норак).
Нозири доварон: Абдулло Алимов (Ҳамадонӣ).
Комиссар бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Душанбе).
11 май. Рӯдакӣ. Варзхишгоҳи «Нефтяник». 7000 тамошобин..
«Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан» – 0:0
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Фатҳулло Бобоев, Саидамири Саидаҳмад, Акбар Бобомуродов, Ҳикматулло Расулов (Ёқуб Ахмедов, 73), Алишер Холмуродов, Сафаралӣ Каримов, Расул Файзов (Фарҳод Холбеков, 79), Шерзод Маҳамадиев, Ҳасан Рустамов (Рамазон Ҳабибуллоев, 19), Акбари Шелдори Араш, Нозим Бобоҷонов.
«Истаравшан» (Истаравшан): Қурбоналӣ Бобоев, Фирӯз Қараев, Азизҷон Шамсиев, Тулқинҷон Умаров (Бахтиёр Абдураҳмонов, 69), Отабек Каримов, Каҳрамон Ҳамидов (Абдураҳмон Қурбонов, 90+5), Ҷамшед Ҳасанов (Насим Расулов, 70), Диловар Бойқузиев, Илҳомҷон Баротов, Абдуқаҳор Қодиров, Бахтовар Зокиров.
Огоҳӣ: Нозим Бобоҷонов, Рамазон Ҳабибуллоев, Акбар Бобомуродов («Регар-ТадАЗ»), Фирӯз Қараев, Азизҷон Шамсиев, Қаҳрамон Ҳамидов («Истаравшан»).
Бозингари беҳтарин: Шерзод Маҳамадиев («Регар-ТадАЗ»).
Довар дар майдон: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).
Нозири доварон: Рустам Абдуллоев (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).
11 май. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 4200 тамошобин.
Нишозанҳои беҳтарин: Алишер Ҷалилов, Шериддин Бобоев, Эҳсони Панҷшанбе (ҳама аз «Истиқлол»), Бахтовар Зокиров («Истаравшан») – 4 тӯб.
Даври 7:
18 май
«Истаравшан» – «Кӯктош»
КМВА «Помир» – «Регар-ТадАЗ»
19 май
«Хуҷанд» – «Истиқлол»
«Хатлон» – «Панҷшер»
Оғози бозиҳо соати 17:00.









PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид






