ГӮР СӮЗАДУ ДЕГ ҶӮШАД? Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултети журналистикаи ДМТ, пешниҳод намудааст, ки гӯштфурӯшон ҷарима шаванд

Май 1, 2019 18:06

ДУШАНБЕ, 01.05.2019./АМИТ «Ховар»/. «Муддатест, ки дар бозорҳои кишвар гӯшт камёфт ва арзиши он гарон шудааст, ки ин сокинонро нигарон кардааст», — навиштааст декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саъдӣ Маҳдӣ (Исматов Саъдӣ Маҳдиевич) дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook. Номбурда зимни навиштаи худ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки қимматфурӯшонро ҷарима банданд.

АМИТ «Ховар» пешниҳоди устоди донишгоҳ ва яке аз муаллифони фаъоли худро қобили қабул мешуморад, зеро дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба таври сунъӣ боло бурдани нарх қобили таваҷҷуҳ ва мояи нигаронист: моҳи Рамазон моҳи қаноат, шукргузорӣ, накӯкорӣ, парҳезгорӣ мебошад ва рафтори савдогароне, ки мехоҳанд  бо суиистифода аз талаботи мардум ба баъзе мавод дар ин моҳ  нархро дучанд кунанд, хилофи  Ислом аст. Ин мақоли халқии тоҷикиро ба ёд меорад:  «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад»…

Саъдӣ Маҳдӣ 29 апрел навиштааст, ки  дар бозорҳо  бештари дӯконҳои гӯштфурӯшӣ бастаанд ва нархи гӯшт, ки рӯзи гузашта 40 сомонӣ буд, имрӯз ба 44-45 сомонӣ баробар шудааст.

«Дирӯз бегоҳ ба бозори Сафариён барои хариди гӯшт рафтам. Тамоми дӯконҳо баста, танҳо ду дӯкон кор мекард. Вақте нарх пурсидам, 44 сомонӣ гуфтанд. Охир дирӯз 40 буд гуфтам, гуфтанд, ки арзиши мол боло рафтааст. Барои санҷиш, аз гӯштфурӯшони маҳаллаи 33 дидан кардам, ки ин ҷо ҳам аҳвол аз ин бадтар буд. Аксари дӯконҳо баста, 3-4 дӯкон кор мекард. Нарх пурсидам, ҳуш аз сарам парид: 45 сомонӣ! Сабаб пурсидам, гуфтанд, ки 43 сомонӣ қабул кардем».

Саъдӣ Маҳдӣ аз  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе  хоҳиш намудааст, ки тоҷирони гаронфурӯш ҷарима карда шаванд.

«Ба Ҳукумати шаҳри Душанбе муроҷиат карда гуфтаниам, ки инҳоро ҷарима банданд. Махсусан, назорат аз растаи гӯштфурӯшони маҳаллаи маъруф ба 33 шадид карда шавад, зеро инҳо парвои халқи бечораро надоранд. Танзими нарх аз ҳамин ҷо ба тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ меравад. Дар тамоми ҷумҳурӣ нархи гӯштро дар нисбати ҳамин ҷо танзим мекунанд. Роҳи дигар, ин дӯконҳоро бастан даркор», —  нигоштааст ӯ.

ДАР АКС: Ярмарка-фурӯши захираҳои давлатӣ
Акси «Asia-Plus»

Рӯзномаи «Фараж» дар тақвияти мулоҳизаҳои Саъдӣ Маҳд аз як сокини ноҳияи Ёвон  — Аъло Умарзод мисол овардааст. Умарзод гуфтааст, ки нархи гӯшт ду ҳафта қабл 37 сомонӣ буд, вале пеш аз моҳи Рамазон ба 43 сомонӣ расидааст.

Ба гуфтаи сокинони кишвар нархи гӯштро тоҷирон маҳз дар моҳи Рамазон баланд мекунанд.

«Дар бисёр кишварҳои мусулмонӣ барои савоби бештар гирифтан, нархҳоро арзон мекунанд, дар мо бошад, барои 10 сомонӣ имонашонро мефурӯшанд»,- гуфтааст ҳамсуҳбати  «Фараж».

Дар баробари ин, баъзе аз корбарони шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” менависанд, ки нархи гӯшт то ба 70 сомонӣ расидааст.

Тоҷирони бозорҳо бар он ақидаанд, ки айни замон гӯшти чорво камчин шудааст, чун ба дигар кишварҳо интиқол дода мешавад. Ин боис шудааст, ки бештари дӯконҳо баста ва нархи гӯшт боло бурда шавад.

Май 1, 2019 18:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд