ИМРӮЗ –РӮЗИ ИХТИРОИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Радиои Тоҷикистон ҳамсуҳбат шуд

Май 7, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 07.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 7  май дар ҷаҳон  Рӯзи ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа таҷлил карда мешавад. Зеро соли 1895 физики рус Александр Попов нахустин дастгоҳи радиоро ихтироъ карда, бо ҳамин ба рушди алоқаи бесим замина гузошт. Ин  рӯз бори аввал соли 1925 ҷашн гирифта шуда, аз соли 1945 инҷониб ҳамасола таҷлил карда мешавад.

Баъд аз 35 соли ихтирои радио бори нахуст 10 апрели соли 1930   Радиои  Тоҷикистон  ба фаъолият шурӯъ кард. Он замон радио дар амвоҷи миёна кор карда, аз соати 7-и субҳ то 22-и шаб барнома пахш менамуд. Дар оғози фаъолият доираи шунавандагони радио маҳдуд буд, зеро он вақт ҳамагӣ 20 дастгоҳи садодиҳӣ дар ҷойҳои серодам насб шуда буданд. Пас аз чанд муддат теъдоди шунавандагони радио зиёд гардид. Зеро  садои он фазои пойтахтро убур карда, дар ноҳияҳои тобеи он-Ҳисору Ваҳдат, Файзобод, Варзоб танинандоз гардид.  Дар оғози фаъолият дар баробари нашри «Радиогазета» ва барномаҳои мусиқӣ, гуфторҳои радиои Москва дар соатҳои муайян пахш мегардиданд.

Имрӯз Радиои Тоҷикистон  дар фазои иттилоотии мамлакат  чун расонаи муҳими хабарӣ  фаъолият мекунад. Он  ба воситаи пурқудрати иттилоотӣ табдил ёфта, доираи шунавандагонаш ба миллионҳо нафар расидааст.

Ба муносибати таҷлили ин рӯз  хабарнигори  АМИТ «Ховар» Ибодат ДАВЛАТЗОДА бо директори Радиои Тоҷикистон Фаррух ЗИЁЗОДА ҳамсуҳбат гардид. 

АМИТ «Ховар»: Фаррух, мегуфтед, ки Радиои Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти худ дар саҳифаи таърих бо кадом рӯйдоду  хотираҳои  худ сабт гардидааст?  

Фаррух Зиёзода: Агар ба таърихи фаъолияти Радиои Тоҷикистон    назар андозем, дар ҳар марҳила радио тавонистааст, ки барои шунавандаи худ хидмат намояд ва  маълумоти зарурӣ пешниҳод созад. Тавре маълум аст, дар солҳои аввали таъсиси Радиои Тоҷикистон   барномаҳои кӯтоҳи хабарӣ,  радиогуфторҳо ва суруду мусиқӣ тавассути карнаи радио пахш мешуданд.  Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки кишварро нооромиҳо фаро гирифта, ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омада буд, Радиои Тоҷикистон бо пахши барномаҳои худ, махсусан барномаи «Хоки Ватан» тавонист ҳамватанони моро, ки гуреза шуда буданд, ба Ватан баргардонад. Зеро ба воситаи ин барнома сиёсати сулҳҷӯёнаи ҳамонвақтаи Тоҷикистон ба самъи шунавандагон расонида мешуд.

Дар баробари барномаи «Хоки Ватан» боз  барномаҳои дигаре ҳам буданд, ки аз сухани созанда, ваҳдат, сулҳу дӯстӣ мегуфтанд ва  гумон мекунам, ки дар ана ҳамин  марҳилаи тақдирсоз Радиои Тоҷикистон   хизмати арзишманде ба мардум кардааст.

Имрӯз барномаҳои Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои дигар он —  «Садои Душанбе», «Фарҳанг» ва  «Овози тоҷик»  дар   қаламрави Тоҷикистон  дар мавҷи FM  дастрас мебошанд.  Дар дилхоҳ  ҳудуди Тоҷикистон шунавандагон  метавонанд, ки мавҷи радиоро  дастрас  намоянд ва аз барномаҳои он ба таври  васеъ истифода баранд. Ҳамзамон  бо пеш рафтани  технологияҳои замонавӣ барномаҳои Радиои Тоҷикистонро тариқи онлайн  аз моҳвора ва интернет  дар ҷумҳурӣ  ва берун  аз он шунидан мумкин аст.

АМИТ «Ховар»: Тафовути радио аз дигар ВАО дар чӣ аст?

Фаррух Зиёзода: Агар хоҳед, ки рӯзнома мутолиа кунед ва ё  телевизор тамошо кунед,  ҳатман бояд ҳамаи кори худро як сӯ гузошта, пурра таваҷҷуҳи худро ба онҳо равона созед.  Радиоро дар дилхоҳ ҷой  гӯш карда, аз паси кори худ шуда метавонед. Ҳатто субҳгоҳон ҳангоми бо машқи пагоҳирӯзӣ  машғул шудан, ҳангоми таом пухтан, дар дохили мошин ва дар утоқи корӣ низ  радиоро гӯш кардан мумкин аст.  Тафовути  асосии радио аз  дигар расонаҳо дар он аст, ки новобаста аз он ки  шумо ба кадом  кор машғулед, метавонед  ҳамзамон бо  гӯш кардани радио вақти худро гузаронед. Фарқияти дигари радио аз  сойири ВАО — суханҳо сода ва ба  шунаванда фаҳмо бояд бошанд. Вазифаи кормандони радио аз он иборат  аст, ки ба шунаванда мақсади худро фаҳмотару содатар  баён намояд.

АМИТ «Ховар»: Шунавандаи имрӯзаи Радиои Тоҷикистон асосан киҳоянд?   

Фаррух Зиёзода: Имрӯз барномаҳои  Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои онро намояндагони қариб ҳамаи қишрҳои ҷомеа   гӯш мекунанд. Мо барномаҳои худро  барои наврасону кӯдакон,  донишҷӯён,    ҳамчунин олимон,  зиёиёну деҳқонон, мутахассисони   соҳаҳои гуногун пешниҳод мекунем.  Барои аниқ кардани он ки барномаҳои моро киҳо  аслан пайваста истимоъ мекунанд чиро мехоҳанд тариқи радио шунаванд,  Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳо ва робитаҳои байналмилалии Кумитаи телевизион ва радио   ҳар се моҳ ва ҳар ним сол мониторинг ва  ташхису таҳлил мегузаронад   ва афкори ҷомеаро нисбат ба барномаҳои радио ва  телевизион мепурсад.  Дар ин мониторинг маълум мешавад, ки   шунавандаи мо чӣ  мехоҳад, шунидани кадом барнома дар кадом вақт ва кадом  мавзӯъ барояш қулай ва мақбул аст.   Бо пешниҳоди шунавандагон мо  шомгоҳон кӯшиш мекунем, ки  аз барномаҳои фарҳангӣ бештар   истифода барем.

Дар баробари ин Академаи ВАО ҳар сол як маротиба афкори ҷомеаро меомӯзад ва  таҳлил мекунад.  Бояд зикр намоям, ки дар оғози  соли 2018  аз тарафи   Маркази тадқиқоти иҷтимоии «Зеркало»    дар ҳамоҳангӣ бо  Маркази тадқиқоти журналистӣ  ва чанд ташкилоти дигар пурсиш гузаронида шуд. Маълум гардид, ки   Радиои «Садои Душанбе»  яке аз радиоҳои муваффақ дар байни шунавандагон буда, писанди ҳамагон мебошад.  Дар ҷои  дуюм    барномаҳои Радиои Тоҷикистон ва  дигар шабакаҳои  он ҷойгузин гаштанд.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз Радиои Тоҷикистон фаъолияти хешро дар кадом самтҳо ба роҳ монда, чӣ гуна барномаҳои ҷолибро пешкаши шунавандагони худ мегардонад?

Фаррух Зиёзода: Дар ёд дорам 10-12 сол  пештар Радиои Тоҷикистон  ва дар маҷмӯъ шабакаҳои Кумитаи  телевизион ва радио   кӯшиш мекарданд, ки  аз барномаҳои фарҳангӣ бештар истифода баранд.  Чун дар он солҳо таваҷҷуҳи мардум ба суруду мусиқӣ ва барномаҳои фарҳангӣ,  ахлоқӣ,  адабӣ бештар буд ва ҳамин гуна барномаҳо таҳия   карда мешуданд.  Аммо    бо мурури вақт  ин талабот  иваз шуд. Имрӯз  барномаҳои иттилоотӣ ва таҳлилӣ дар Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои дигари Кумитаи  телевизион ва радио мақоми аввалро  касб кардаанд.  Айни ҳол давоми ҳар соат  ва дар маҷмӯъ дар шабонарӯз  13 нашри иттилоотии  ахбор  пахш мешавад. Дар  маҷмӯъ бештар аз  2 соати барномаҳои моро барномаҳои иттилоотӣ ташкил медиҳанд.   Инчунин мо бештар кӯшиш мекунем дар барномаҳоямон аз худшиносӣ, фарҳанг, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ,  зиракию ҳушёрии насли наврасу ҷавонон гӯем.

Бояд зикр намоям, ки то соли 2006  дар радио барномаҳо таввасути таҷҳизоти аналогӣ  таҳия ва пешниҳод мешуданд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз соли  2006 инҷониб    баномаҳои шабакаҳои радиоӣ пурра ба тариқи рақамӣ  ва  бо сифати хуб пешниҳоди шунавандагон мешаванд.   Аллакай аз нисф зиёди маводи Хазинаи тиллоии  Радиои Тоҷикистон, ки   бештар аз 52 ҳазор  адад наворро  дарбар мегирад,      ба сифати рақамӣ гузаронида шудааст.

АМИТ «Ховар»: Айни ҳол дар Радиои Тоҷикистон чанд  нафар кор мекунанд?

Фаррух Зиёзода:  Имрӯз қариб 240 нафар эҷодкорон дар  Радиои Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки  қисми зиёди онҳоро  ҷавонон ташкил менамоянд.  Ягон кор бе камбудӣ намешавад. Мушкилиҳо   бештар  дар байни мутахассисони ҷавон ба мушоҳида мерасанд. Аммо мо кӯшиш менамоем,  ки бо онҳо вақти худро бештар гузаронда,  таҷриба ва малакаи касбиашонро баланд бардорем.

Бояд гуфт, ки мо  бо донишкадаву донишгоҳҳое, ки  махсусан  дар бахши рӯзноманигорӣ мутахассисон омода менамоянд, ҳамкорӣ менамоем. Мо донишҷӯёнро  дар давраҳои таҷрибаомӯзӣ  ба радио ҷалб намуда,  аз нозукиҳои кор  бо онҳо суҳбат менамоем ва кӯшиш мекунем, ки  назарияву амалияро онҳо дар маҷмӯъ аз худ намоянд.

Дар давраҳое, ки дар як сол ду-се маротиба озмуни ҷойҳои холӣ гузаронида мешавад, мо  кӯшиш мекунем,  ки ба он мутахассисоне таваҷҷуҳ намоем, ки дар давраҳои таҷрибаомӯзӣ   бо идораҳои Радиои Тоҷикистон  ҳамкорӣ  мекунанд ва соҳиби истеъдоданд.

Ҳамчунин барои он, ки донишҳои мутахассисони мо   вобаста ба соҳа васеъ шаванд, мо онҳоро ба  курсҳои  бозомӯзӣ  ба  Академияи ВАО,  инчунин ба хориҷ аз кишвар   барои табодули таҷриба равон менамоем.  Ба онҳо имкон медиҳем, ки ба хориҷа рафта,  таҳсил намоянд ва  ҳамчун мутахассиси таҷрибадор дар радио фаъолияти худро давом диҳанд.     Ман гумон мекунам,  ки имрӯз пешорӯи мо дар масъалаи  ҷалби мутахассисон  мушкилоти ҷиддие мавҷуд нест.

 

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Май 7, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»