Кӯдакони аз кишвари Ироқ ба Тоҷикистон овардашуда идашонро бо шукӯҳи хоса ҷашн гирифтанд

Май 30, 2019 09:08

ДУШАНБЕ, 30.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон  барои кӯдаконе, ки  аз кишвари Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуда буданд, дар  «Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати  «Харангон»-и ноҳияи Варзоб  барномаи  фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор намуд. Нахуст барои бачаҳо дастархони идона, иборат аз  анвои гуногуни хӯрока,  аз ҷумла, меваҳои тару тоза, шириниву кулчақандҳо ороста шуда,  инчунин  ба онҳо таъомҳои лазиз   пешниҳод  гардид.

Тавре аз  Вазорати мазкур  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъомад Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ва директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким  Холзода иштирок намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар қисмати бадеии барномаи мазкур  барои болидарӯҳии кӯдакон  аз ҷониби гурӯҳҳои рақсии «Падида» ва  «Лаъл» консерти хайриявӣ доир гардид,  ки аз тамошои он шодии кӯдаконро ҳадду канор набуд.

«Бо кӯмак ва дастгирии ашхоси саховатманд барои кӯдакони номбурда харидорӣ ва дастрас намудани ҳаргуна бозичаҳо, либосҳо ва маводи хӯрока идома дошта, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба хизматрасонии иҷтимоию тиббӣ фаро гирифтани онҳо тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд»,- афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем,  ки шаби 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдакони аз кишвари Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуда,   аз фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ба «Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати  «Харангон»-и ноҳияи Варзоб оварда шуданд. Ин кӯдакон  баъд аз гузаштани ташхис ва муоинаи тиббӣ бо либоси зарурӣ ва маводи гигиенӣ таъмин гардида, вобаста ба вазъи саломатӣ, мансубияти хешутаборӣ ва ҷинсиашон дар ҳуҷраҳои алоҳида ҷойгир гардида, ба хизматрасонии иҷтимоию тиббӣ фаро гирифта шудаанд. Барои онҳо  шароити мусоид фароҳам оварда шуда, онҳо бо рахти хоб,  бозичаҳо  ва дигар маводҳои маишӣ таъмин шудаанд. Аз ҷумла, барои тамошои бозиҳои кӯдакона 56 адад планшет харидорӣ ва ба онҳо тақсим карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ба Ватан баргардонидани кӯдаконе, ки волидонашон дар ҷангҳои Ироқ ва Сурия иштирок намудаанд, намунаи олии хислати инсонгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Бо ин амали инсонпарварона Пешвои миллат бори дигар исбот намуданд, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон барояшон азиз ва муқаддас аст.

Май 30, 2019 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд